Номаи Ҳания ба шоҳи Арабистони саудӣ барои озодии боздоштиҳои Фаластинӣ

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос, дар номае ба шоҳи Арабистони саудӣ аз вай дархост кард, бо таваҷҷӯҳ ба шуюи коронавирус, боздоштиҳои Фаластинӣ дар ин кишварро озод кунад.

Ба гузориши вебгоҳи “Ар-рисола”, “Исмоил Ҳания”, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар номае ба “Салмон ибни Абдулазиз”, шоҳи Арабистони саудӣ, хостори озодӣ фаврии боздоштиҳои Фаластинӣ дар ин кишвар бо таваҷҷӯҳ ба шуюи круно шуд.

Бар асоси гузориши ин вебгоҳ, дар номаи Ҳания омадааст, бо таваҷҷӯҳ ба шуюи коронавирус дар ҷаҳон ва аз онҷое, ки ин боздоштиҳо солҳои тӯлонӣ дар Арабистон зиндагӣ кардаанд ва ба тааҳҳудот ва вазоифӣ арабӣ ва исломии худ дар қиболи миллати Арабистони саудӣ поибанд будаанд, озодии онҳо зарурати инсонӣ ва миллӣ аст ва ин итминон вуҷуд дорад, ки Малик Салмон, дар он тардид нахоҳад кард.

Исмоил Ҳания, дар моҳи августи соли гузашта низ номаи мушобеҳи ҳамин, ба шоҳи Арабистон дода буд ва хостори озодии боздоштиҳо шуда буд.

Арабистони саудӣ, беш аз шаст Фаластинӣ ва Урдуниро ба далели ёрии масъалаи Фаластин боздошт ва иттиҳомоти аз қабили «кӯмак ба гурӯҳи террористӣ ва ҳимояти моли аз он» ба ин афрод ворид кардааст.

Арабистони саудӣ, дар кайфархости содир шуда алайҳи боздоштиҳои Фаластинӣ адилаи хандадори монанди кашф ва забти равғани зайтун аз онҳо, фиристодани қурбонӣ ба Ғазза ва доштани китобе дарбораи таърихи Фаластин зикр кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад