Мушовири раиси ҷумҳури Туркия: коронавирус шӯхи нест, дар хона бимонед

Мушовири раиси ҷумҳури Туркия, бо ишора ба инки шуюи коронавирус дар ин кишвар шӯхи набуда аз ҳамаи шаҳрвандон хост, ки дар хона бимонанд ва онро ҷиддӣ бигиранд.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Тасним”, Иброҳим Колен, сухангӯи риёсати ҷумҳурии Туркия, дар Твите бо ишора ба вазъияти шуюи коронавирус дар ин кишвар навишт: агар ба тадобири иттихозшуда таваҷҷӯҳе нашуда ва онҳоро риоят накунем ҳамаи мо дар маърази хатар қарор хоҳем гирифт. Ин шӯхи нест.

Колен, бо баёни инки мубталоён ба ин вирус дар дунё ба 400 ҳазор нафар расидаанд ва 15 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд, ёдовар шуд: ҳар иқдоме, ки анҷом мешавад ҷонҳоро наҷот медиҳад ва ҳар саҳл ингорӣ мунҷар ба 10 баробар шудани хатари шуюи вирус мешавад. Дар хона бимон ва худ ва атрофиёнатро муҳофизат кун.

Туркия барои муҳофизат аз шуюи коронавирус иқдом ба бастани амокуни умумӣ ва таътилии мадорис кардааст.

Токунун 1236 нафар мубтало ба коронавирус шудаанд, ки 30 нафар аз онҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад