Ихтисоси 545 миллион доллари Чин ба ТАЛКО

Бино ба иттилои ТАЛКО, тавофуқномаи ин тарҳ, ки моҳи апрел дар Пекин ба имзо расида буд, рӯзи 15 июн дар Душанбе аз сӯи руасои ду кишвар тасвиб шуд. Ҳазинаи навсозӣ бар асоси тавофуқнома 545 миллион доллар аст. Дар чорчӯби ин тарҳ бахши тавлидот навсозӣ ва зарфияти солонаи он то 300 ҳазор тонна алюминиум боло бурда мешавад.

Ин тавофуқнома яке аз дастовардҳои муҳимми ҶТ дар заминаи ҳамкорӣ бо Чин, сармоягузори аслии кишвар мебошад. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 2 миллиарду 915 миллион доллар бидеҳкор аст ва 80 дарсади он ҳам саҳми Чин мебошад. Ҳанӯз ба кадом сурат сармоягузорӣ шудани навсозии ТАЛКО аз сӯи Чин маълум нест.

Ширкати мошинсозиву муҳандисии China Machinery Engineering Corporation соли 1978 таъсис ёфтааст. Ҳукумати Чин дорои беш аз 70 дарсади саҳмияи ин ширкат мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад