Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон

Дар гузориши Бонки марказии Русия омадааст; ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 2 млрд. 553 млн. долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондоди соли 2017 ба миқдори 17 млн. доллар зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, агар ин маблағро ба 12 моҳ тақсим кунем, пас маълум мешавад, аз Русия ба Тоҷикистон ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 212 млн. доллар маблағ ворид мешудааст.

Аз маълумоти Бонки марказии Русия бармеояд, ки маблағи аз ҳама бештар дар семоҳаи сеюм ва чоруми соли гузашта интиқол ёфтаастт, ки мутаносибан ба 779 млн. ва 615 млн. доллар баробар мебошад. Маблағи миёнаи ҳар кадоме аз интиқол 128 долларро ташкил медиҳад.

Ин ба 36%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст. Соли гузашта ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ каме бештар аз 7 млрд. долларро ташкил дод.

Аз лиҳози интиқоли пул аз Русия аз ҷониби шахсони воқеӣ Тоҷикистон пас аз аз Швейтсария ва Ӯзбекистон дар зинаи сеюм қарор гирифтааст.

Соли гузашта интиқоли маблағ ба Швейтсария дар ҳаҷми беш аз 9,1 млрд. доллар ва ба Ӯзбекистон ба маблағи умумии зиёда аз 4 млрд. доллар сурат гирифтааст. Дар муқоиса бо соли пешин соли 2018 ҳаҷми интиқоли пул ба Ӯзбекистон 100 млн. доллар афзудааст.

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Қирғизистон низ аз 2,2 млрд. дар соли 2017 то ба 2,4 млрд. доллар дар соли 2018 зиёд шудааст.

Интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ соли гузашта аз Русия ба Украина кам шуда, дар муқобили 750 млн. доллар дар соли 2017 то ба 498 млн. доллар дар соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2017 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2 млрд. 536 млн. доллар маблағ интиқол дода буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад