Осебпазирии иқтисоди Тоҷикистон дар баробари омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ

Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё эълом кард, иқтисоди Тоҷикистон дар баробари омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ бисёр осебпазир аст.

Ба гузориши сомонаи Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё, ҳайате аз ин ниҳод бо сафар ба Тоҷикистон, бо мақомоти иқтисодии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар музокироти ҳайати эъзомии Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё бо мақомоти вазоратҳои рушди иқтисод ва тиҷорат, об ва захоири энержӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодули назар шуд.

Дар поёни ин музокирот таъкид шуд, ки бо вуҷуди кумакҳои молии 70 миллиондолларии Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё дар соли 2010 ва 40 миллион доллари ин ниҳод дар соли 2015 ба Тоҷикистон, авзои иқтисоди ин кишвар ҳамчунон дар баробари омилҳо ва буҳронҳои молии дохилӣ ва хориҷӣ осебпазир аст. Аз ин рӯ, мақомоти Тоҷикистон бояд барои анҷоми ислоҳоти асосӣ дар низоми бонкӣ, коҳиши мизони молиёти дарёфтӣ, эътои тасҳилот ба бахш хусусӣ ва беҳбуди шароити сармоягузории хориҷӣ иқдом кунанд. Зеро бидуни амалӣ шудани ин барномаҳо рушди иқтисоди Тоҷикистон дар оянда ғайриқобили тасаввур аст.

Қаблан Бонки Рушди АвруОсиёи вобаста ба ин сандуқ эълом карда буд, ки ба далели амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар қиболи ислоҳоти мавриди назари ин бонк, кумаки молии 20 миллиондолларӣ барои ҳимоят аз буҷаи давлати ин кишвар дар соли 2019 – ро қатъ мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад