Тоҷикистону Чин ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ қарордод имзо карданд

Тарҳҳое, ки дар ҷараёни ҳамоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба имзо расидаанд, барои таҳкими равобити иқтисодии кишварҳо пешбинӣ шудааст.

Тарҳҳое, ки дар ҷараёни ҳамоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба имзо расидаанд, барои таҳкими равобити иқтисодии кишварҳо пешбинӣ шудааст.

Ба гузориши манбаъ:

Тоҷикистону Чин ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ созишномаи ҳамкорӣ бастаанд.

Ҳуҷҷатҳо дар ҷараёни ҳамоиши тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, ба имзо расиданд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар.

Дар чорабинӣ беш аз 150 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз ду кишвар ширкат доштанд.

Ин ҳамоишро вазоратҳои рушди иқтисод ва тиҷорат, саноат ва фанновариҳои нав ва сафорати Чин дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ ташкил кардаанд.

Дар натиҷа санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла оид ба сохтмони корхонаи маъдани оҳан дар кони “Шоҳқадамбулуқ”, таъмин ва насби иншооти сатҳи байналмилалӣ ҳангоми сохтмони варзишгоҳ барои 3 ҳазор ҷойи нишаст дар Душанбе, интиқоли мошинҳои барқӣ барои хизматрасонии таксӣ дар Душанбе, сохтмони маркази логистикӣ ва корхонаи металлургии “Талко Голд” ба имзо расид.

Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ қайд карданд, лоиҳаҳо барои таҳкими равобити иқтисодии Тоҷикистону Чин пешбинӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии сармоягузории Чин ба иқтисоди кишвар дар 10 соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил додааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид, ки ба таҳкими равобит равона шудаст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои чинияш, Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ масоили мухталиф, аз амнияти минтақавӣ то ҳолат ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ идома медиҳанд.

Инчунин Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид. Идомаи матлаб дар …

 

ТоҷикистонЧин
Comments (0)
Add Comment