Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар “парад”-и низомӣ бахшида ба “Рӯзи Ғалаба” ба Русия меравад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар “парад”-и низомӣ бахшида ба “Рӯзи Ғалаба” ба Русия меравад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, сафари Раҳмонов ба Маскав бо даъвати раисҷумҳури Русия Владимир Путин сурат мегирад.

Раҳмон ин даъватро дар гуфтугӯи телефонӣ бо раҳбари Русия, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла масоили муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуд, дарёфт кардааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш инчунин бо раҳбарони кишварҳои ИДМ мулоқот хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бар иловаи Раҳмонов инчунин раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов низ дар “Рӯзи Ғалаба” иштирок хоҳад кард.

Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад, ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷик баъд аз ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” дар Русия бадтар шудааст.

Чанде пеш баъд аз банд мондани донишҷӯён ва муҳоҷирони тоҷик дар фурӯдгоҳҳо ва марзҳои Русия, вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия суҳбати телофонӣ доштанд. Зимни ин суҳбат Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин гуфта, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Ситти Ҳолл” сабаби асосии тафтиши ҳамаҷонибаи муҳоҷирон аз ҷониби мақомоти ин кишвар гаштааст.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Лавров гуфтааст, ки чунин бархурди манфӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои муносибатҳои дуҷониба мувофиқат намекунад.

Аммо вазири рус иддао карда, ки “чорабинии ахир хусусияти муваққатӣ дошта, он зидди кадом миллату дине равона нашудааст ва ин ҳолат ба оҳистагӣ дар гузаргоҳҳо одӣ мешавад”.

Инчунин дар пасманзари ин мушкилиҳо раҳбарони Тоҷикистону Русия низ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон бе овардани ҷузъиёт навиштааст, “мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо дар бораи бештар фаъол гардондани кор дар самти муҳоҷират дастурҳои дахлдор дода шаванд”.

Аммо Кремлин дар эъломияе бидуни овардани номи гурӯҳе бозтоби қазияи муҳоҷирони кориро “кӯшиши нерӯҳои муайян” барои “ба таври сунъӣ шиддат бахшидани масъала” номида, гуфтааст, дар ҳамоҳангӣ пеши роҳи онро хоҳанд гирифт ва ин ҳолат “ба равобити собиқадору бародаронаи миёни ду мардум осеб нахоҳад расонд.”

Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, дар Русия ҳудуди 2 миллион муҳоҷири тоҷикистонӣ кору зиндагӣ мекунанд, ки ба гуфтаи худи муҳоҷирон, дар миёни муҳоҷирони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз тоҷикон бештар мавриди тафтишу фишор ва ихроҷ қарор мегиранд.

 

РусияТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment