Зиндагиномаи шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дирӯз - якшанбе бар асари сониҳаи ҳавоии болгард дар минтақаи Варзақони Озарбойҷони Шарқӣ ба шаҳодат расиданд.

Дар ин сониҳаи ҳавоӣ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳур ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа, оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Оли Ҳошим, имоми ҷумъаи Табрез, Молики Раҳматӣ, устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва ҳамчунин сартими ҳифозати раиси ҷумҳур, халабонону кадри парвози болгард ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши шабакаи “Саҳоб, шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар озармоҳи соли 1339 ҳиҷрии шамсӣ (декабри соли 1960 мелодӣ) дар хонаводаи рӯҳонӣ дар шаҳри Машҳад ва дар маҳаллаи Нӯғон дида ба ҷаҳон кушуд.

Падари ишон ҳуҷҷатулислом Сайидҳоҷӣ Раис-ус-Содотӣ ва ҳамчунин модараш Сайида Исмати Худододҳусайнӣ, аз сулолаи содоти Ҳусайнӣ ва нисбаташ аз ҳар ду тараф ба ҳазрати Зайд бин Алӣ бин ал-Ҳусайн (а) мерасад.

Шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ таҳсилоти ибтидоиро дар мадрасаи Ҷаводия гузарондаву таҳсил дар улуми ҳавзавиро дар мадрасаи Наввоб ва сипас дар мадрасаи оятуллоҳ Мӯсавинажод шуруъ кард.

Дар соли 1354 ҳиҷрии шамсӣ (1975 мелодӣ) ҷиҳати идомаи таҳсил ба ҳавзаи илмияи Қум ва мадрасаи оятуллоҳ Буруҷердӣ рафту муддате низ дар мадрасае ки бо мудирияти оятуллоҳ Писандида, таҳти назари имом Хумайнӣ (раҳ) идора мешуд, таҳсил намуд.

Дар пайи иҳонат ба имом Хумайнӣ (раҳ) дар рӯзномаи “Иттилоот” дар 17 даймоҳи соли 1356 ҳиҷрии шамсӣ (7 июни 1978) ва оғози ҳаракатҳои мардумӣ Сайид Иброҳими Раисӣ дар иҷтимооти эътирозӣ, ки мабдаи ағлаби онҳо мадрасаи оятуллоҳ Буруҷердӣ (мадрасаи Хон) буд, ширкат дошт ва дар қолаби ҳастае аз туллоби инқилобӣ фаъолият дошт.

Шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ дар ин даврон фаъолиятҳои муборизотии худро дар қолаби иртибот бо уламои инқилобии озодшуда аз зиндон ва ё дар табъид пай гирифт ва ҳамчунин дар таҷаммуоте мисли таҳассуни уламову рӯҳониюн дар Донишгоҳи Теҳрон ширкат намуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ, дар давраи тарбиятии хосе, ки марҳум шаҳид Биҳиштӣ ҷиҳати кадрсозӣ барои таъмини ниёзҳои мудириятии низоми исломӣ баргузор карда буд, ширкат кард ва ба дунболи шӯришҳои марксистиву эҷоди мушкилоти мутанаввеъ дар масҷиди Сулаймон, ба ҳамроҳи гуруҳе аз туллоб дар қолаби фаъолиятҳои фарҳангӣ ба он минтақа рафт. Пас аз бозгашт аз масҷиди Сулаймон, маҷмуаи сиёсӣ – ақидатии подгони омӯзишии сифр – ду дар Шаҳрӯдро таъсис ва барои муддати кӯтоҳе онро идора кард.

Вуруди шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ ба арсаи мудирият аз соли 1359 (1980 мелодӣ) ва бо ҳузур дар ҷойгоҳи додёрии шаҳристони Караҷ оғоз шуд ва пас аз муддате бо ҳукми шаҳид Қуддусӣ ба симати додситони Караҷ мансуб гардид.

Шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ пас аз ду сол дар тобистони 1361 (1982 мелодӣ), ҳамзамон бо додситонии шаҳри Караҷ, масъулияти додситонии Ҳамадонро низ ӯҳдадор шуд ва то 1363 (1984) дар ин симат хидмат намуд.

Шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ дар соли 1364 (1985 мелодӣ) ба унвони ҷонишини додситони Инқилоби Теҳрон мансуб шуд ва ба ин тартиб, давраи мудирияти қазоии эшон оғоз гардид.

Сайид Иброҳими Раисӣ дар соли 1373 (1994) ба раёсати Созмони бозрасии кулли Эрон мансуб шуд ва то 10 соли баъд ин симатро бар уҳда дошт.

Давраи мудирияти Сайид Иброҳими Раисӣ бар Созмони бозрасии кулли кишвар нуқтаи атфе дар зиндагии вай буд, ки бо иттико ба таҷрибиёти андӯхтаи худ назорат бар дастгоҳҳои идориро мутаҳаввил ва низомманд кард.

Шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ ҳамчунин аз соли 1383 то соли 1393 (2004 то 2014 мелодӣ), ба муддати 10 сол муовини аввали Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон буд ва аз соли 1393 то исфанди 1394 (2014 то 2015) низ ба унвони додситони кулли кишвар хидмат намуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ аз соли 1391 то соли 1400 (2012 то 2021) бо ҳукми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ додситони вижаи рӯҳоният низ буд. Раисӣ ҳамчунин дар исфанди 1394 (марти 2016) бо ҳукми оятуллоҳилузмо Хоманаӣ ба муддати се сол ба сарпарастии Остони Қудси Разавӣ мансуб шуду иқдомоти муассире дар чорчӯби хидмати муассир ба Ҳарами нуронии ҳазрати Соминулҳуҷаҷ Алӣ бин Мӯсо Ризо (а) ва ироаи хадамот ба зоирони ин боргоҳи қудсӣ дар пойтахти маънавии Эрони исломӣ (Машҳад) анҷом дод.

Шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ дар 16 исфанди соли 1397 (ҳафтуми марти 2019) бо ҳукми Раҳбари муаззами инқилоб ба раёсати Қувваи қазоияи Эрон мансуб шуд ва амалкарди дастгоҳи қазо дар даврони раёсати Раисӣ ба далоиле чанд тарози ин дастгоҳро дар низоми ҳукмронии Ҷумҳурии исломӣ боло бурд.

Сайид Иброҳими Раисӣ бо мудирияти майдонӣ ва пайгириву расидагии наздик ба мушкилоти қазоии мардум, бархӯрди қотеъ ва бидуни иғмоз бо муфсидони иқтисодӣ, тадвину ниҳоӣ кардани санади таҳаввули қазоӣ ва ҳушмандсозии Қувваи қазоия, гомҳои ҷиддӣ дар ҷиҳати иртиқои адолати қазоии Ҷумҳурии исломии Эрон бардошт, то ҷое ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ анҷоми ин таҳаввулу эҷоди умед дар дили мардумро ситуданд.

Шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ дар соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ (2021 мелодӣ) бо ширкат дар сездаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон, бо касби беш аз 18 миллион раъйи мардум дар интихоботи 28 хурдоди 1400 (18 июни 2021), ба раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб шуд.

Собиқаҳои илмии Сайид Иброҳими Раисӣ иборатанд аз: сатҳи чаҳор фиқҳу усул аз ҳавзаи илмияи Қум, доктории фиқҳу мабонии ҳуқуқ бо гароиши ҳуқуқи хусусӣ аз Донишгоҳи шаҳид Мутаҳҳарӣ, тадриси мутуни фиқҳии сатҳи олӣ ва фиқҳи қазоиву фиқҳи иқтисод дар ҳавзаҳои илмияи Теҳрон ва донишгоҳҳо, тадриси дарси хориҷи фиқҳ бо мавзӯоти вақфу назру амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ба муддати ду сол дар ҳавзаи илмияи Хуросон.

зиндагӣСайид Иброҳими Раисӣ
Comments (0)
Add Comment