Аз эътисоби устодони Донишгоҳи Ню-Йорк то гирдиҳамоии эътирозии донишҷӯёни Куба бар зидди ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ

Ба гузориши манобеи хабарӣ, донишгоҳҳои ҷаҳон яке пас аз дигарӣ шоҳиди хезши донишҷӯёни бедор алайҳи ҷиноятҳо ва ваҳшигариҳои режими саҳюнистӣ дар ҳаққи фаластиниён ба вижа дар Навори Ғазза аст.

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки ин бор Донишгоҳи Гавана шоҳиди таҷаммӯъи эътирозии зидди саҳюнистии донишҷӯён будааст.

Бар асоси гузоришҳои расида гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи Гаванаи Куба бо баргузории таҷаммӯъи эътирозӣ алайҳи ҳамалоти ваҳшиёнаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғаззаро маҳкум карданд.

Ҳамчунин донишҷӯёни Донишгоҳи Гаванаи Куба дар ин таҷаммӯъи эътирозии зидди саҳюнистӣ, парчами Фаластинро дар канори парчами кишвари худ ба эҳтизоз дароварданд.

Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз донишгоҳҳои ҷаҳон аз ҷумла донишгоҳҳои Амрико, Канада ва Фаронса шоҳиди баргузории таҷаммӯъҳо ва таҳассунҳои мушобеҳ дар ҳимоят аз Фаластиниён ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи сокинони Навори Ғазза будааст.

Дар Амрико, ки доядори ҳуқуқи башар ва озодии баён аст, таҷаммӯъҳои донишҷӯии зидди саҳюнистӣ ба шиддат саркӯб шуда ва шуморе аз донишҷӯён низ ба далели ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумнамудани ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз идомаи раванди таҳсил маҳрум шудаанд.

Дар ҳаминробита хабаре, ки мунташир шуда, беш аз 120 нафар аз аъзои ҳайати илмии Донишгоҳи Ню-Йорк дар эътироз ба амалкард неруҳои амниятӣ дар донишгоҳҳо даст ба эътисоб заданд.

Ба гузориши хабаргузории маркази иттилоъ расонии Фаластин, ҳимояти ҷаҳонии ҷунбишҳои донишҷӯӣ ва донишгоҳӣ аз Фаластин идома дорад ва дар тозатарин рӯйдод аз ин даст, беш аз 120 нафар аз аъзои ҳайати илмии Донишгоҳи Ню-Йорк дар эътироз ба дувумин боздошти шадиди донишҷӯён тавассути низомиён даст ба эътисоб заданд.

Аз сӯи дигар, донишгоҳҳои Туркия низ ҳамгом бо донишгоҳҳои Амрико ба ҳимоят аз Навори Ғазза  бархостанд.

Ҳамчунин ҳимояти донишҷӯёни олмонӣ ва фаронсавӣ аз мардуми Навори Ғазза ҳамчунон дорад. Гуфта шудааст, ки донишҷӯёни донишгоҳи Хумболдт дар Олмон дар ҳимоят аз Навори Ғазза ва маҳкумияти наслкушии артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ муқобили ин донишгоҳ таҳассун карданд. Ҳамчунин донишҷӯёни Донишгоҳи Леон дар Фаронса бо сардодани шиори «Ҳамаи мо Навори Ғазза ҳастем», бо миллати Фаластин эъломи ҳамбстагӣ карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузоришҳо, полиси Берлин барои мутафарриқ кардани тазоҳуроти ҳимоят аз мардуми мазлуми Навори Ғазза дар Донишгоҳи Хумболдт ба хушунат мутавассил шудааст.

Ин таҳаввулот дар ҳоле аст, ки “Эҳуд Олмерт”, нахуствазири асбақи режими саҳюнистӣ дар суханоне ба шиддат алайҳи Нетаняҳу ва ҷанги Навори Ғазза натиҷагирӣ кардааст.

Эҳуд Олмерт дар ин иртибот гуфт: «Мо аз ин ҷанг пирӯз хориҷ нахоҳем шуд ва бояд хиёбонҳоро аз тазоҳурот кунандагон алайҳи Нетаняҳу ва ҳампаймононаш пур кунем.»

Моҳи гузашта низ нахуствазири асбақи режими саҳюнистӣ хостори таваққуфи фаврии ҷанг дар Навори Ғазза ва бозгардондани усарои исроилии боздошт шуда дар Навори Ғазза шуд ва таъкид кард, ки дар ин сурат дастоварди Исроил бисёр бештар аз идомаи ин ҷанг хоҳад буд.

Вай таъкид кард, ки Нетаняҳу барои наҷоти усарои исроилӣ ҷангро идома намедиҳад, балки мехоҳад худашро наҷот диҳад.

Эҳуд Олмерт пеш аз ин низ хостори таваққуфи ҷанги Навори Ғазза шуда ва таъкид карда буд, ки ин ҷанг наметавонад аҳдофи мушаххас шуда тавассути Бенямин Нетаняҳу нахуствазири ҷинояткори исроилро муҳаққақ кунад.

Нахуствазири асбақи Исроил дар изҳороти пешини худ режими саҳюнистиро дар баробари як дӯроҳӣ қарор дода ва таъкид карда буд, ки Телавив ё бо оташбас ва бозгардондани усаро аз Навори Ғазза аз тариқи анҷоми табодул мувофиқат мекунад ё бояд бидуни инки аҳдофи худ дар реша кан кардани Ҳамос ва бозгардондани усароро муҳаққақ кунад, ба ҷанги худ дар Навори Ғазза идома бидиҳад.

Гуфтнӣ аст бо тадовуми ҷанг алайҳи мардуми мазлуми Навори Ғазза дар Фаластин ва адами касби ҳаргуна дастоварди низомӣ аз сӯи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ интиқодҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ алайҳи Бенямин Нетаняҳу нахуствазири ин режим ғосиб ва кобинаи вай шиддат гирифтааст. Мухолифони Бенямин Нетаняҳу вайро ба харидани вақт барои боқимондан дар қудрат ҷиҳати фирор аз муҳокима дар парвандаҳои қазоии иқома шуда алайҳи ӯ муттаҳам мекунанд. Илова бар ин хонаводаҳои асирони саҳюнистӣ хоҳони он ҳастанд, ки режими саҳюнистӣ бидуни итлофи вақт ва ба ҳар қимати асирони саҳюнистӣ назди муқовиматро дар ҷараёни тавофуқ бо муқовимати Фаластин озод кунад ва аз идомаи ҳамлаҳои бефоида ба Навори Ғазза, ки илова бар куштори фаластиниён куштори ин асиронро низ дар пай дорад даст бардорад.

АмрикоБенямин НетаняҳуДонишгоҳи Ню-ЙоркдонишҷӯёниНавори ҒаззаНю-ЙоркРежими саҳюнистӣсаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment