Ҳимоят ва ҳамбастагии мардуми Португалия аз Ғазза

Дар идомаи ҳимоятҳои мардумӣ аз Ғазза дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, ҳазорон нафар аз мардуми Португалия ба хиёбонҳо омаданд ва ҷиноятҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистиро маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтер”, ҳазорон нафар аз мардуми Португалия бо ҳузур дар хиёбонҳо, зимни эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, ҷиноятҳои режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Навори Ғаззаро маҳкум карданд ва хостори таваққуфи фаврии ҷанг ва барқарории оташбас дар Навори Ғазза шуданд.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза имрӯз панҷ шанбе эълом кард, ки аз оғози таҳоҷуми режими ваҳшии саҳюнистӣ ба Навори Ғазза дар 7 октябр то имрӯз дасти кам 34 ҳазор ва 596 фаластинӣ шаҳид ва 77 ҳазор ва 816 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Бинобари эъломи ин вазоратхона дар шабонарӯзи гузашта 28 нафар дар Навори Ғазза шаҳид ва 51 нафари дигар захмӣ шуданд.

Дирӯз чаҳоршанбе ва дар идомаи ҳимоятҳои ҷаҳонӣ аз мардуми мазлум ва ситамдидаи Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими ғосиб ва хуношоми саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, ҳазорон нафар аз мардуми Италия бо таҷаммуъ дар шаҳри Милан, зимни ҳимоят аз муборизаи гуруҳҳои муқовимати исломии Фаластин алайҳи саҳюнистҳои кӯдаккуш, ҷиноятҳои артиши саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ва куштори мардум бегуноҳро маҳкум карданд.

Шабакаи Алҷазра рӯзи чаҳоршанбе тасовире аз тазоҳуроти пуршур дар шаҳри Милани Италия зери бориши борон барои дархости таваққуфи ҷиноёти режими хабиси Исроил дар Навори Ғазза мунташир кард.

Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот бо дар дастдоштани парчами Фаластин шиорҳои зидди саҳюнистӣ дар куштори мардуми Фаластин дар Навори Ғазза ва таваққуфи ҷанг сар доданд.

Дар хабари муртабит, мардуми Туркия дар шаҳри Трабзони Туркия низ дар роҳпаймоии ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза бо ҳамли парчамҳои Фаластин аз мардуми Навори Ғазза дар баробари режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҳимоят карданд.

ҒаззаИсроилИталияНавори ҒаззаПортугалияТуркияФаластин
Comments (0)
Add Comment