Баёнияи Кумитаи муштараки арабӣ ва исломӣ дар бораи режими саҳюнистӣ

Кумитаи муштараки арабӣ ва исломӣ баёнияеро дар бораи таҳаввулоти ҷорӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, рӯзи якшанбе ҷаласаи Кумитаи вузарои таъйин шуда аз сӯи сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар хусуси таҳаввулоти Навори Ғазза баргузор ва баёнияе тавассути он содир шуд.

Дар ин нишаст, ки ба раёсати Файсал бен Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ дар Риёз баргузор шуд, бар лузуми эъмоли таҳримҳои муассири ҷомеаи байналмилалӣ алайҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ, аз ҷумла таваққуфи содироти силоҳ ба ин режим таъкид шуд.

Ин иқдом дар посух ба нақзи қонунии байналмилалии инсонӣ ва низ ҷиноёти ҷангие, ки дар Ғазза ва Каронаи Бохтарии ишғолӣ тавассути ин режим сӯрат мегирад, иттихоз шудааст.

Вазирони ҳозир дар ин дидор бар лузуми фаъолсозии абзорҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои посухгӯ кардани мақомоти исроилӣ дар қиболи ҷиноёте ки муртакиб шудаанд ва лузуми таваққуфи тероризми шаҳрак нишинон ва иттихози мавозеъи сариҳ ва қотеъ дар баробари он таъкид карданд.

Дар ин баёния омадааст, ки дар ин нишаст механизмҳое барои ташдиди иқдомоти муштараки арабӣ ва исломӣ барои таваққуфи фаврӣ ва поён додан ба ҷанг дар Навори Ғазза, тазмини ҳифозат аз ғайри низомиён мутобиқ бо қонуни байналмилалии инсонӣ ва ироаи кумакҳои башардӯстонаи кофӣ ва пойдор барои саросари Навори Ғазза баҳс ва гуфтугӯ шуда ва бар идомаи талошҳо барои ба расмият шинохта шудани кишвари мустақили Фаластин ва муҳаққиқ кардани хостаҳои мардуми Фаластин таъкид шудааст.

Дар ин баёния хотирнишон шудааст, ки дар ин дидор дар бораи талош барои анҷоми иқдомоти лозим ба манзури иҷрои роҳиҳалли ду кишварӣ ва ба расмият шинохтани кишвари Фаластин дар чорчуби марзҳои 4 июни 1967 ба пойтахтии Қудси Шарқӣ ва мутобиқ бо қавонини байналмилалии марбута баҳсу табодули назар шуда ва таъкид шудааст, ки Навори Ғазза бахши ҷудоинопазир аз сарзамини Фаластин аст ва ширкаткунандагон қотеъона бо ҳаргуна талош барои ҷобаҷоии мардуми Фаластин ба хориҷ аз сарзамини худ ва ҳаргуна амалиёти низомӣ дар шаҳри Рафаҳ мухолифат мекунанд.

Ин дидор бо ҳузури вазирони умури хориҷаи Арабистони Саудӣ, Урдун, Миср ва Туркия, дабирикули Созмони ҳамкории исломӣ, дабири Кумитаи иҷрои Созмони озодибахши Фаластин, вазири умӯри динӣ ва мушовири вазири хориҷаи Қатар дар Риёз баргузор шуд.

арабӣ ва исломӣАрабистони СаудӣҚатарНавори ҒаззаРежими саҳюнистӣРиёзТуркияУрдунФаластин
Comments (0)
Add Comment