Густариши мавҷи эътирозҳои дониҷшӯёни ҳомии Фаластин дар донишгоҳҳои Канада

Бо идомаи мавҷи густариши эътирозҳои зидди саҳюнистӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои ғарбӣ, донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар донишгоҳи МакГилл дар Монтрали Канада низ кампи эътирозӣ алайи наслкушии Исроил дар Ғазза ба роҳ монданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, эътирозҳои донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои Исроил, ки аз донишгоҳи Колумбияи Амрико дар шаҳри Ню-Йорк оғоз шуд бо вуҷуди саркӯб аз сӯи мақомоти Амрико ибтидо ба дигар донишгоҳҳои ин кишвар ва сипас ба донишгоҳҳои соири кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Англис, Фаронса, Олмон, Канада ва Австралия расид.

Шабакаи CBC-и Канада гузориш дод, ки донишҷӯёни эътирозгар дар донишгоҳи МакГилл бо барпоии камп дар донишгоҳ бо Фаластин ибрози ҳамбастагӣ карданд.

Ба гайр аз Штатхои Муттахида, дар тамоми чахон, аз чумла дар Берлин, фаъолон дар назди парламент хайма зада, аз хукумат хохиш карданд, ки фиристодани аслиха ба Исроилро бас кунад. Дар Донишгоҳи илм ва технологияи Париж эътирозгарон шаҳраки марказиро бастанд.
Дар Шветсия тазоҳуроти тарафдорони Фаластин баргузор шуд ва мардум шиорҳои “Фаластин озод аст” ва “Исроилро бойкот” карданд.

Тарафдорони Фаластин низ дар Лондон ҷамъ омаданд.

АмрикоҒаззаИсроилРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment