Кашфи 140 гӯри дастаҷамъӣ дар Ғазза ва ифшои ҷиноятҳои ҷадиди саҳюнистҳо

Созмони дидабони ҳуқуқи башари Аврупои Медитарона бо ишора ба кашфи беш аз 140 гӯри дастаҷамъӣ дар Навори Ғазза эълон кард, ки бисёре аз ҷасадҳои фаластиниҳо дар ин гӯрҳо тикка-тикка ҳастанд ва бояд як кумитаи таҳқиқотии байналмилалӣ барои расидагӣ ба ин ҷинояти ваҳшатноки Исроил ташкил шавад.

Созмони дидабони ҳуқуқи башари Аврупои Медитарона бо эълони инки тимҳои он аз наздик амалиёти кашфи гӯрҳои дастаҷамъӣ дар бемористонҳои мухталифи Навори Ғазза, аз ҷумла муҷтамаи пизишкии Носир ва Шифоро думбол мекунанд ва ҷасадҳои садҳо фаластиниеро, ки дар ин гӯрҳо дафн шуда буданд, мушоҳида карданд, хостори анҷоми иқдоми фаврии байналмилалӣ ҷиҳати баррасии ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар пинҳон кардани садҳо ҷасад дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дар Навори Ғазза шуд.

Ин созмони ҳуқуқбашарӣ эълон кард, ки теъдоди дақиқи гӯрҳо ва ҳамчунин ҷасадҳое, ки дар онҳо пинҳон шуда ҳанӯз мушаххас нест ва мо ниёз ба иқдоми фаврии байналмилалӣ аз ҷумла ташкили кумитаи фаврии таҳқиқоти байналмилалии мустақил ҷиҳати баррасии ин мавзуъ дорем ва ба назар мерасад, ки ҳазорон ғайринизомие, ки дар маърази эъдомҳои худсарона ва фароқонунӣ қарор гирифтаанд, дар ин гӯрҳо дафн бошанд. Бояд як кумитаи фаннии муташаккил аз коршиносон ташкил гардад, то сабаби марги ин ғайринизомиёнро дақиқан мушаххас кунанд ва системае эҷод шавад, ки имкони шиносоии ҳувияти онҳо вуҷуд дошта бошад.

Бар асоси ин гузориш, токунун тимҳои дифои мадании Навори Ғазза аз кашфи садҳо ҷасад дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дар бемористони Носир ва ҳамчунин муҷтамаи пизишкии Шифо дар шаҳри Ғазза хабар додаанд, ки ин як сафҳаи дигар дар парвандаи ҷиноятҳои низомиёни исроилӣ дар заминҳои ишғолии Фаластин аст. Токунун беш аз 140 гӯри дастаҷамъии эҷодшуда тавассути низомиёни исроилӣ дар Ғазза шиносоӣ шудааст.

Созмони мазкур таъкид кард, ки тимҳои он дар баррасии ҷасадҳои қурбониёне, ки дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дафн шуда буданд мутаваҷҷеҳ шуданд бисёре аз онҳо ҳангоми марг дастбанд ба даст доштаанд ва ҳамчунин шавоҳид нишон медиҳад, ки бисёре аз ин афроде, ки қурбонӣ шуданд, захмӣ ва бемор будаанд. Илова бар он ҷасадҳои кашфшуда, ки бадани онҳо комилан таҷзия ва бархе аз ҷасадҳо низ тикка-тикка шуда буданд ва ин ҷасадҳо мутааллиқ ба ғайринизомиёне аст, ки зери булдузрҳои артиши Исроил қитъа-қитъа шудаанд ва саҳнаҳое, ки дида мешавад, бисёр ваҳшатнок аст.

Ин созмони ҳуқуқи башарӣ набши қабри ҷасадҳои бархе аз ғайринизомиёни фаластиниро мустанад ва эълон кард, ки шумори зиёде аз ин афрод бемор будаанд; ба тавре, ки отелҳо ва свандҳои идрор ҳанӯз ҳангоми дафн ба онҳо васл буд. Аксари ҷасадҳои кашфшуда шурӯъ ба таҷзия шудан кардаанд ва баъд аз инки неруҳои исроилӣ дар моҳи гузашта монеъ аз расидани тимҳои марбута ба ин ҷасадҳо шуданд, пайкари бисёре аз онҳо тавассути ҳайвонҳо аз ҷумла сагҳо пора-пора шудааст.

Дар идомаи гузориши Созмони дидабони ҳуқуқи башари Аврупои Медитарона омадааст, ки беш аз 13 ҳазор фаластинӣ ҳанӯз дар зери вайронаҳо қарор доранд ва ё дар гӯрҳои дастаҷамъӣ ва ё дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Исроил пинҳон ҳастанд ва бархе аз онҳо низ дар дохили ин зиндонҳо кушта мешаванд. Артиши Исроил ҳанӯз ҳеҷ иттилооте дар бораи шароити ғайринизомиёне, ки аз Ғазза рубуда, нашр накардааст. Мо ниёз ба иқдоми сареъ барои пайдо кардани ҷасадҳо дорем ва идомаи мондани онҳо дар гӯрҳои дастаҷамъӣ ба шакли кунунӣ сабаби густариши беш аз пеши анвои бемориҳои мусрӣ ва хатарнок мешавад.

Дидабони ҳуқуқи башари Аврупои Медитарона таъкид кард, ки ҷинояти наслкушии Исроил алайҳи Навори Ғазза аз ҳафти октябр то кунун дар миёни сукут ва ҳамдастии зишту бераҳмонаи байналмилалӣ идома дорад. Нопадид шудани ҳазорон фаластинӣ ҷинояти дигар алайҳи мардуми Навори Ғазза аст, ки аз шиканҷаҳои равонии шадид ранҷ мебаранд. Мо аз ҳамаи ниҳодҳо ва кумитаҳои байналмилалии марбута мехоҳем ба тааҳҳудҳои ҳуқуқии худ барои мутаваққиф кардани ҷинояти наслкушии Исроил алайҳи сокинони Навори Ғазза амал карда ва аз ҳамаи абзорҳои фишори воқеӣ ҷиҳати водор кардани Исроил ба таваққуфи ин ҷиноятҳо истифода кунанд.

Дар идомаи вокунишҳои байналмилалӣ ба ҷинояти ваҳшатноки низомиёни саҳюнист дар бемористони Носир ва бемористони Шифо ва пинҳон кардани ҷасадҳои ғайринизомиёни фаластинӣ дар гӯрҳои дастаҷамъӣ ва дар ҳоле, ки ағлаби ин ҷасадҳо тикка-тикка ва бархе низ табдил ба хокистар шудаанд, Валкер Тарк, комиссарияи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ваҳшати худро аз ин ҷиноят иброз карда ва гуфт, ки аз шунидани гузоришҳои марбут ба вуҷуди гӯрҳои дастаҷамъӣ дар бемористони Носир дар Хон Юнус бисёр ваҳшатзада шудам ва нобудии ду муҷтамаи пизишкии бузург дар Навори Ғазза иттифоқи бисёр ҳавлноке аст.

Вай таъкид кард, ки ин ҷиноятҳо ниёз ба таҳқиқҳои мустақил ва муассир ва шаффоф дорад ва омилони ин ҷиноят бояд муҳокима шаванд. Ағлаби қурбониёни бомбаборонҳои Исроил дар Ғазза тайи рӯзҳои гузашта занон ва кӯдакон будаанд ва нигарониҳои зиёде дар бораи ҳамлаи густардаи Исроил ба шаҳри Рафаҳ вуҷуд дорад, ки метавонад сабаби вуқуи ҷинояти фаҷиатаре дар Навори Ғазза шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дафтари иттилоърасонии давлатӣ дар Навори Ғазза аз мафқуд шудани ҳазорон нафар баъд аз ақибнишинии низомиёни саҳюнист аз бархе манотиқи Навори Ғазза хабар дода ва эълон кард, ки иттилое аз сарнавишти ин мафқудшудагон надорад. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзона тасвирҳои зиёде аз мафқудон нашр мешавад, ки баъд аз ақибнишинии низомиёни ишғолгар аз бархе манотиқи Ғазза ин афрод нопадид шудаанд ва иттилооте аз сарнавишти онҳо вуҷуд надорад.

бемористонгӯри дастаҷамъӣҒаззаИсроилРафаҳРежими саҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment