Ифротгароӣ; натиҷаи сиёсатҳои Олмон алайҳи мусулмонон

Сиёсатҳо ва мавозеъҳои сиёсии ахири Олмон дар қиболи мусулмонон ва ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза боис шудааст то ҷомеаи ин кишвар беш аз пеш бо ифротгароӣ рӯбарӯ шавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, мавозеъ ва тасмимоти сиёсии ахири Берлин дар қиболи мусулмонони Олмон ва буҳрони Фаластин боиси густариши ифротгароӣ дар ин кишвар шудааст чаро, ки гуруҳҳои ифротӣ аз шароити мавҷуд сӯи истифода карданд.

Дар се моҳаи ахир мақомоти олмонӣ ҳудуди 6 амалиёти ифротгароёнаро хунсо карданд.

Мавозеъ ва сиёсатҳои ахири Олмон нишондиҳандаи ҳимояти давлати Олмон аз мудохилаи сиёсӣ ва низомии режими саҳюнистӣ дар Ғазза аст ва Олмон яке аз 15 кишваре буд, ки кумаки молии худ ба Агентии UNRWA-ро мутаваққиф карда ва муддаӣ шуд яке аз кормандони он дар ҳамалоти 7 октябри 2023 алайҳи Исроил нақш доштааст.

Илова бар ин, Олмон яке аз кишварҳое аст, ки дар муддати ахир силоҳ ба Исроил содир кардааст ва замоне, ки иттиҳомоте дар ин хусус ба ин режим ворид шуд, давлати Берлин иқдоми худро ингуна тавҷеҳ кард, ки силоҳҳои маъмулӣ, ва на танкаву мушак, ба ин режим додааст. Натиҷаи ин иқдомот ба гуруҳҳои ифротӣ фурсати хубе дод то ифротгароии худро густариш диҳанд.

Пеш аз ин мақомоти олмонӣ “Конфронси Фаластин”-ро ки қарор буд аз 12 апрел 2024 дар Берлин баргузор шавад, лағв карда буданд ва пас аз таҷаммуи гуруҳе дар мухолифат бо лағви конфронс, полис ҷамъиятро пароканда кард.

Дар ҳамин росто, мақомоти олмонӣ ахиран кантроли худро бар имомони масоҷиди Олмон ташдид кардаанд, бисёре аз масоҷидро дар Берлин бастаанд ва аз фаъолияти бархе аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилавгирӣ кардаанд, ки авзои сиёсиро бадтар карда ва ба густариши мизони ифротгароӣ мунҷар шудааст.

ифротгароӣмусулмононОлмон
Comments (0)
Add Comment