Қатар мақсади ҷадиди муҳоҷирони коргари Узбакистон

Қатар дар мавриди истихдоми шаҳрвандони Узбакистон бо ин кишвар ҳамкорӣ мекунад.

Қатар дар мавриди истихдоми шаҳрвандони Узбакистон бо ин кишвар ҳамкорӣ мекунад.

Яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бештарин муҳоҷири корӣ дар Русияро дорад, Узбакистон аст ва ба ҳамин далел мақомоти ин кишвар бо ройзаниҳои мухталиф дар талош барои эъзоми ин афрод ба Қатар ҳастанд.

Ба гузориш Вазорати адлияи Узбакистон, ахиран фармони раисҷумҳури ин кишвар «тасвиби қарордоди байналмилалӣ» ба тасвиб расидааст. Бо ин санад, раисҷумҳур қарордоди ҳамкорӣ барои истихдом байни Узбакистон ва Қатарро тасвиб кард, ин қарордод дар тобистони соли гузашта дар «Самарқанд» имзо шудааст.

Иҷрои ин қарордоди байналмилалӣ бар ӯҳдаи Вазорати меҳнат ва коҳиши фақр гузошта шудааст. Кобинаи вазирон ва раисони вазоратхонаҳо ва идораҳои марбута бар иҷрои муқаррароти он назорат хоҳанд кард.

Бар асоси гузориши Вазорат умури хориҷаи Узбакистон, Қатар дар таърихи 27-и ноябри соли 1997 бо Узбакистон равобити дипломатик барқарор кардааст.

ҚатарМуҳоҷиронУзбекистон
Comments (0)
Add Comment