Коҳиши ҳазинаи ҳаҷҷи Умра барои шаҳрвандони Узбекистон

Ҳазинаи сафари ҳаҷҷи Умра барои зоирони Узбекистон коҳиш ёфта ва тарифаҳои ҷадид аз 10 январ иҷро мешавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ҳазинаи сафари ҳаҷҷи Умра барои зоирони Узбекистон коҳиш ёфта ва тарифаҳои ҷадид аз 10 январ иҷро мешавад.

Ҳазинаи хадамоти созмондеҳии ҳаҷҷи Умра аз тариқи маркази “Ҳаҷ ва Умра” вобаста ба идораи мусулмонони Узбекистон аз 10 январи соли 2024 барои ҳар нафар 16 миллиону 600 ҳазор сум (1 ҳазору 341 доллар) хоҳад буд. Ин қимат шомили билети ҳавопаймо, хадамоти пизишкӣ, се ваъда ғизо ва ҳамроҳии мақомоти мазҳабӣ аст.

Ҳайати Узбекистон дар чорчуби музокироте бо раисони идороти расмии Арабистони Саудӣ дар мавриди коҳиши ҳазинаи сафари ҳаҷҷи Умра ба тавофуқ расидааст.

Созишномаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар мавриди Ҳаҷ-2024

АрабистонУзбекистонУмраҳаҷ
Comments (0)
Add Comment