Пешбинии СММ аз гурӯснагӣ кашидани кӯдакони афғон

ЮНИСЕФ дар Твиттер навишт, ки дар соли оянда 875 ҳазор кӯдаки афғон аз камшавии шадиди вазн азоб хоҳанд кашид.

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки гурӯснагӣ бештарин зиёнро дар Афғонистон ба кӯдакон мерасонад.

ЮНИСЕФ дар Твиттер гуфтааст, ки 875 ҳазор кӯдаки афғон тайи соли оянда аз камшавии шадиди вазн азоб хоҳанд кашид.

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони СММ гуфтааст, ки ба ҳимояти фаврӣ барои кӯмак ба дармони ин теъдод аз кӯдакон ниёз дорад.

Пештар аз ин ҳам Салиби Сурх эълон карда буд ба далели идомаи таҳримҳои Амрико ниме аз ҷамъияти Афғонистон бо мушкили камбуди маводи ғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки Амрико беш аз 7 миллиард доллар аз дороиҳои Афғонистонро пас аз ба қудрат расидани Толибон масдуд кардааст, ки ин худ сабаби буҳрони шадиди иқтисодӣ дар ин кишвар шудааст.

Афғонистонгуруснагӣкӯдак
Comments (0)
Add Comment