ЮНЕСКО: Марокаш аз ҳама бештар ҳофизони Қуръон дар ҷаҳон дорад

Созмони илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) эълом кард, ки Марокаш дар миёни кишварҳои исломӣ бештарин теъдоди ҳофизони Қуръони Каримро дорад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Созмони ЮНЕСКО вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки подшоҳии Марокаш аз назари теъдоди ҳофизони Қуръони Карим бо беш аз як ва ним миллион мард ва зани ҳофизи Қуръон дар рутбаи аввали ҷаҳон қарор дорад.

Тибқи омори ЮНЕСКО, теъдоди расмии ҳофизони Қуръони Карим дар Марокаш ҳудуди як миллион ва 628 ҳазор аст, ки ин кишварро аз кишварҳои дигар монанди Либия, ки як миллион ҳофиз дорад мутамоиз мекунад.

Ин гузориш ҳокӣ аз он аст, ки 68 дарсад аз ҳофизони Қуръони Карим дар Марокаш дар манотиқи рустоӣ ва саҳроӣ ҳастанд ва бештари онҳо мутааллиқ ба манотиқе ҳастанд, ки забони модарии онҳо Амазигӣ аст.

ЮНЕСКО ҳамчунин хотирнишон кард, ки теъдоди марокизи ҳифзи Қуръони Карим дар Марокаш беш аз 30 ҳазор марказ аст, ки нишондиҳандаи зерсохтҳои густурда барои омӯзиш ва ҳифзи Қуръони Карим аст. Аз ин марокиз, 21 дарсад дар минтақаи Сус ва 20 дарсад дар минтақаи Марокаш – Асфӣ қарор доранд.

Ҳар сола дар минтақаи рустои Томсолт, воқеъ дар 50 километрии шаҳри Тародент, ҷашнҳои бузурге барои таҷлил аз ҳофизони ҷадид ҳамроҳ бо барномаҳои мазҳабӣ ва фарҳангӣ баргузор мешавад, ки нишон диҳандаи ҷойгоҳи волои Қуръон дар фарҳанги ин кишвар аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин истиқболи умумӣ аз омӯзиши Қуръони Карим, фаъолони фарҳангӣ ва динии ин кишвар аз Вазорати авқоф ва умури исломӣ мехоҳанд то бо ҳимояти молӣ ва ташвиқи ҳофизони Қуръон ба вижа ҳофизони манотиқи рустоӣ ва ҳошиянишин, ононро дар идомаи роҳи ҳифз ва омӯзиши Қуръон ёрӣ кунад.

Мусобиқот ва ҷашнвораҳои солонаи зиёде дар заминаи омӯзиш, рӯхонӣ ва ҳифзи Қуръони Карим ва таҷлил аз ҳофизони китоби Худо дар ин кишвар баргузор мешавад, ки ба тақвияти рӯҳияи рақобати мусбат ва эҷоди ангеза дар ҷавонон дар пайвастан ба ҷамъи ҳофизони Қуръон кумак мекунад. РутбаИ аввали Марокаш дар ҷаҳон аз назари теъдоди ҳофизони Қуръон, гувоҳии қавӣ бар рӯҳияи динӣ решадор ва пойбандии мардуми Марокаш ба омӯзаҳои Ислом ва алоқаи онҳо ба омӯзиши маорифи дини дар нуқоти мухталифи кишвар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад