Шикастҳои пай дар пай – Нетаняҳу дар масири суқут

Бенёмин Нетаняҳу пас аз фурӯпошии кобинаи ҷанг, ҳолу рӯзи баде дорад ва интизор меравад дар ҳафтаҳои оянда, режими саҳюнистӣ бо мушкилоти дохилии бузургтаре мувоҷеҳ шавад.

Бенёмин Нетаняҳу пас аз фурӯпошии кобинаи ҷанг, ҳолу рӯзи баде дорад ва интизор меравад дар ҳафтаҳои оянда, режими саҳюнистӣ бо мушкилоти дохилии бузургтаре мувоҷеҳ шавад.

Фурӯпошии кобинаи ҷанг ба дастури Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, нуқтаи  дигар дар раванди уфули қудрати сиёсӣ ва низомии режим аст он ҳам дар шароите, ки бар асоси иттилооти ифшошуда тавассути худи расонаҳои исроилӣ, Нетаняҳу на аз сари иқтидор ва тасмими шуҷоъона, балки ба хотири тарс ва нигаронӣ даст ба чунин иқдоме задааст. Ҳоло мехоҳем бидонем, ки шароити ҷадид барои Нетаняҳу ва дигар тундравҳои режими саҳюнистӣ чигуна рақам мехӯрад ва онон бо чӣ чолишҳои бузурге рӯбарӯ ҳастанд.

Интишори хабари фурӯпошии кобинаи ҷанг, мавзуи соддае нест, ки бишавад ба содагӣ аз канори он гузашт. Фаромӯш накунем ин ҳамон кобинае аст, ки пас аз амалиёти Ҳамос мавсум ба Тӯфони Ақсо дар 7 октябри соли гузашта таъсис шуд ва қарор буд ба заъми сарони режими саҳюнистӣ, бо як ҷанги густарда ва беамон, кори Ҳамос ва ҳамаи муборизини фаластиниро яксара кунад! Аммо ҳоло, ки наздик ба 9 моҳ аз он рӯзҳо гузашта, саҳюнистҳо бо як лашкари хаста, ки рӯҳияи худро бохта ва нақшае барои мудирияти шикаст надорад, дар дом хушунати худ гирифтор мондааст. Бо вуҷуди ҷиноятҳои бесобиқа ва хушунати беҳадду марзи артиши режими саҳюнистӣ дар Ғазза, ин режим натанҳо дар майдони низомӣ ва иттилоотӣ – амниятӣ, балки дар ҳавзаи мудирияти чолишҳои дохилӣ низ бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва интизор меравад дар ҳафтаҳои оянда, режим бо мушкилоти дохилии бузургтаре мувоҷеҳ шавад.

Нетаняҳу аз кӣ метарсад?

Шояд беҳтар бошад дар ҳаминҷо пурсиши худро иваз кунем ва бипурсем: «Нетаняҳу аз, кӣ наметарсад?» посухи кӯтоҳ барои чунин саволе ин аст: Нетаняҳу дар чунон шароити рӯҳӣ, равонии шигарфе қарор гирифта, ки ҳатто аз сояи худаш ҳам метарсад. Шавоҳид фошшуда нишон медиҳад, ки ӯ дар фурӯпошии кобинаи ҷанг низ аз сари тарс ва ваҳшат, даст ба чунин иқдоме задааст.

Бар асоси иттилооте, ки дар рӯзномаи Идиъут Оҳоронут дарҷ шуда, Нетаняҳу аз ин метарсад, ки Бен Гуер ва Смутрич ба кобина бипайванданд ва ӯ тавони маҳори ин ду сиёсатмадори саҳюнистиро надошта бошад.

Бо онки тими амниятии Кохи сафед, ба Нетаняҳу супориш карда буданд, ки феълан кобинаи ҷангро сари по нигаҳ дорад, аммо арзёбии амниятии дохилии тундравҳои ҳомии Нетаняҳу, ҳокӣ аз ин буд, ки Айтамор Бен Гуер ва Смутрич ба зудӣ бо ҳар абзор ва имкони лозим, дар кобинаи ҷанг ҷой мегиранд ва ҳеҷ кадом аз ин ду нафар, монанди Гонетси мустаъфӣ, қобили маҳор нахоҳад буд.

Истеъфои Гонетс ва Айзенкут аз кобинаи ҷанг, шароитро барои Нетаняҳу душвортар кард. Чаро, ки онон эълон карданд, ки стратегияи сиёсӣ ва низомии Нетаняҳу, ҳосиле ҷуз шикаст надошта ва бақои режим ба хотири хатоҳои роҳбурдии ӯ дар хатари нобудӣ қарор гирифтааст.

Аслитарин чолишҳои Нетаняҳу кадоманд?

Ба ҷуръат метавон гуфт, ки ҳаҷми чолишҳо ва бунбастҳои дохилии пеши рӯи нахуствазири режими саҳюнистӣ, ҳатто аз мушкилоти хориҷ аз майдони ҷанг бештар аст. Мутолиаи иҷмолии таърихчаи режими саҳюнистӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷгоҳ ин режим то ин андоза, дучори ихтилофи дохилӣ набудааст. Бинобарин аввалин ва муҳимтарин чолиши Нетаняҳу, ихтилофҳои дохилӣ аст. Ӯ акнун ҷойгоҳи қаблии худ дар миёни шаҳракнешинонро аз даст дода ва ба унвони нахуствазире шинохта мешавад, ки дар майдони дифоъ аз ҷони саҳюнистҳо, кифоят, тадбир ва шуҷоати лозимро надоштааст.

Афзӯн бар ин, ӯ ҳоло ба унвони сиёсатмадоре шинохта шудааст, ки аҳли дурӯғ ва хилофи ваъда аст. Чаро, ки бархилофи ваъдаҳое, ки барои озодии гаравгонҳо дода буд, ҷангеро пеш бурда, ки ҳосили он чизе набуда ҷуз куштори даҳҳо ҳазор зану кӯдаки бегуноҳи фаластинӣ, ки селоби густардае аз ҳамдилии ҷаҳонӣ бо фаластиниҳо ва нафрат аз режимро ба ҳамроҳ овард. Стратегияи кӯр, хашин ва беҳадафи Нетаняҳу дар наслкушии фаластиниҳо, корро ба ҷое расонд, ки ҳатто дар донишгоҳҳои Амрико низ ҳазорон нафар даст ба тазоҳурот ва эътироз заданд. Илова бар ин, дар ҳавзаи байналмилалӣ низ, бо талоши муҷиддона Африқои Ҷанубӣ дар Девони байналмилалии кайфарӣ ва ҳамчунин ҳимояти Испания ва дигарон аз ба расмият шинохта шудани давлати Фаластин, Нетаняҳу ва ҳамроҳони ӯ ба шиддат мунзавӣ шуданд.

Яке дигар аз муҳимтарин чолишҳои Нетаняҳу ин аст, ки ҳатто худи ӯ ва фармондеҳону низомиёни таҳти фармонаш, дар стратегияи чархаи бевақфаи хушунат гирифтор шудаанд ва дар таъйини истгоҳи аслии музокира ва тавофуқ, дучори сардаргумӣ ҳастанд. Инак натанҳо масъала озодии гаравгонҳо, балки шеваи ақибнишинӣ ва хуруҷи комил аз Ғазза, масъалае аст, ки тими Нетаняҳуро бо нигарониҳои бузурге рӯбарӯ карда ва ҳоло Нетаняҳу аз ин метарсад, ки бо сабти тасвири сар фуруд овардан дар баробари муқовимати таърихии фаластиниҳо, муқаддимаҳои аввалия барои муҳокимаи худи ӯ фароҳам шавад! Ба иборате равшан, вай аз ин метарсад, ки пас аз тасбити оташбас ва аз об афтодани осебҳо, афкори умумии саҳюнистҳо, ӯро ба унвони аслитарин муқассири шикаст дар ҷанг муаррифӣ кунанд.

Бидуни шак илова бар ҳамаи дағдағаҳо ва нигарониҳои боло, тарси режими саҳюнистӣ аз таҳаррукҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳам, мавзуи муҳиме аст. Кист, ки надонад дар муддатзамони ахир, тавони размии Ҳизбуллоҳ алайҳи режими саҳюнистӣ ба таври чашмгире афзоиш ёфтааст. Беҳуда нест, ки Омус Хукштайн, фиристодаи вижаи Амрико, дар ҷараёни сафар ба сарзаминҳои ишғолӣ, гуфт, ки ҳар навъ даргирӣ бо Ҳизбуллоҳи Лубнон, минтақаро ба самту сӯи як даргирии густардатар мекашонад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад