Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Уммон

Байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Уммон санади Ёддошти тафоҳуми дуҷонибаи ҳамкорӣ омода ва ба имзо расонида мешавад.

Байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Уммон санади Ёддошти тафоҳуми дуҷонибаи ҳамкорӣ омода ва ба имзо расонида мешавад.

Ба гузориши манбаъ:

Ин матлаб 11 июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Уммон Сауд бин Ҳамуд бин Аҳмад Ал-Ҳабси доир шуд, баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишовразии мамлакат иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёди «Боғи дӯстӣ» як миқдор ниҳоли зардолу ба Салтанати Уммон ирсол карда мешавад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади омӯзиши имконияту иқтидори тарафайн гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуда, ҷаласаҳои корӣ мунтазам доир карда мешаванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои содироти меваҳои тару тоза ва хушкмеваҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва табодули таҷриба байни олимону донишҷӯёни давлатҳо муболидаи афкор доир шуд.

Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Уммон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи соҳибкоронро барои иштирок дар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, ки моҳи декабри имсол дар салтанати Уммон баргузор мегардад, даъват намуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Тоҷикистон салтанати Уммонро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар даъват кард.

Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо сафирони тозатаъйини Уммон Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайнӣ дар Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бахусус зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад