Ҳамлаи ваҳшиёна ба Рафаҳ ва хомӯшии давлатҳои арабӣ ба ваҳшигарии саҳюнистҳо

Давлатҳои арабӣ бо сукути хиёнатолӯди худ дар баробари ҷинояти саҳюнистҳо дар ҳамлаи ваҳшиёна ба Рафаҳ, заминасози ҷиноятҳои баъдӣ шудааст.

Давлатҳои арабӣ бо сукути хиёнатолӯди худ дар баробари ҷинояти саҳюнистҳо дар ҳамла ба чодарҳои ғайринизомиён дар Рафаҳ, заминаро барои ҷиноятҳои баъдии ин режим фароҳам месозанд.

Ҳамлаи якшанбешаби ҷангандаҳои исроилӣ ба маҳалли чодарҳои паноҳҷӯён дар анборҳои созмони Онруо дар маҳаллаи Талуссултон шаҳр Рафаҳ ба шаҳодати беш аз 45 фаластинии ғайринизомӣ ва рақам хӯрдани тасовири ваҳшатнок анҷомид.

Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ бо 7 мушак ин минтақаро, ки тибқи эълонияҳои қаблии артиши Исроил минтақаи амн эълон шуда буд, ҳадафи ҳамла қарор доданд. Дар пайи ин рӯйдод беш аз 45 фаластинии бегуноҳ аз ҷумла занон ва кӯдакон ба шаҳодат расиданд. Тасовире, ки аз маҳалли ҳамлаи Исроил нашр шудааст, нишон медиҳад бештари шаҳидони ин ҳамлаи ҷинояткорона, ба далели оташ гирифтани чодарҳо зинда-зинда дар оташ сӯхтанд.

Яке аз шоҳидон ба Рӯйтерз гуфт: мо дар вурудии хона нишаста будем, ногаҳон садои мушакро шунидем, сипас хиёбон пур аз дуд шуд.

Ӯ ва дигарон як духтар ва як марди ҷавонро диданд, ки бар асари инфиҷор ба шаҳодат расида буданд.

Нетонёҳу: ин як иштибоҳи фоҷиабор буд

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Муғир, яке аз мақомоти аршади Ожонс дифои ғайринизомии Ғазза ба хабаргузории Фаронса, гуфт, ки неруҳои имдодии ин ожонс ҷасадҳои сӯхта ва аъзои тикка-‎тиккашуда ва ҳамчунин мавориди қатъи узв, кӯдакон, занон ва солмандон маҷрӯҳшударо дидаанд.

Дар пайи ҳамлаи ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба Рафаҳ, бисёре аз расонаҳои ҷаҳон интиқодҳои шадиде аз Исроил матраҳ карданд ва мақомоти режими саҳюнистӣ низ натавонистанд аз зери бори он шона холӣ кунанд. Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба ин рӯйдод эълон кард ин як «иштибоҳи фоҷиабор» будааст, ҳамчунин артиши режими саҳюнистӣ низ эълон кардааст, ки дар ин масъала нируҳои исроилӣ дучори иштибоҳ шудаанд ва парвандае барои таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса хоҳад гушӯд.

Ин дар ҳоле аст, ки сарони кишварҳои арабӣ ҳанӯз ҳеҷ вокуниши умдае нисбат ба ин иқдоми саҳюнистҳо нишон надодаанд, танҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия аз байни кишварҳои исломӣ ин иқдомро дар сатҳи раҳбарони аслии худ маҳкум карда ва хостори бархурди ҷиддӣ бо он шуданд.

Дар ҳақиқат метавон гуфт аз ҷиҳати ҳаводорӣ аз ормони Фаластин бештари давлатҳои арабӣ, дар 7 моҳи гузашта сукути аҷибе пеша карда ва ҳеҷ вокуниши муҳимме нисбат ба иқдомот ва ҷиноятҳои Исроил анҷом надодаанд. Метавон гуфт вокуниши худи мақомоти саҳюнистӣ нисбат ба ин ҷиноятҳо бештар аз сарони давлатҳои арабӣ будааст.

Сукути хиёнатбори кишварҳои арабӣ яке аз аслитарин мушаввиқҳои режими саҳюнистӣ дар иртикоби ҷиноятҳои бештар будааст, ба унвони мисол аз Арабистони Саудӣ, ки муддаии хидмат ба Ҳарамайни шарифин аст, интизор меравад, ки бо шадидтарин лаҳн ин ҳамларо маҳкум кунад ва иқдомоти Исроил дар ин 7 моҳро монеи ҳаргуна оддисозии эҳтимолии равобит дар оянда бо ин режим эълон кунад, аммо Арабистон танҳо ба баёнияи содда басанда кардааст.

Аммо натанҳо чунин равияе аз сӯи Риёз дар пеш гирифта нашудааст, балки мавозеи ин кишвар дар тӯли 7 моҳе, ки аз ҷанг гузаштааст, нишондиҳандаи ташнагии нисбии Арабистони Саудӣ барои оддисози равобит пас аз поёни ҷанг ва ба изои дарёфти имтиёзҳое аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоаст.

Аз сӯи дигар ва эҳтимолан ба табаият аз рӯйкарди Риёз, дигар кишварҳои арабӣ низ тақарибан ҳеҷ иқдоми ҷиддӣ алайҳи Исроил анҷом надодаанд, масалан интизор мерафт кишварҳои Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб, Судон ва Марокаш, ки дар ҷараёни тавофуқи Иброҳим дар соли 2020 ба таври расмӣ вориди фароянди оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ шуда буданд, ҳатто ҳозир нашудаанд, ки сатҳи муносиботи худро бо Телавив коҳиш диҳанд.

Сукути арабӣ бар ҷинояти саҳюнистӣ

Аз ибтидои набарди Тӯфони Ақсо ва дар пайи ворид шудани як осеби ҷиддӣ ва тармимнопазир ба ҳайсияти Исроил ва тавоноии амниятии он, пурвозеҳ буд, ки режими саҳюнистӣ дар талош  барои куштори васеи фаластиниҳо дар Навори Ғазза бармеояд. Шаҳодати беш аз 36 ҳазор фаластинӣ дар Навори Ғазза, ки болиғ бар 1.5 дарсади кулли ҷамъияти ин борика аст ва низ захмӣ шудани беш аз 80 ҳазор тани дигар, ки 3.5% фаластиниҳои Ғаззаро шомил мешавад, нишон аз он дорад, ки Исроил сиёсати куштори васеи фаластиниҳо дар ҷанги Ғаззаро ба шакли огоҳона дар дастури кори худ қарор додааст.

Дар ин миён дар авҷи интиқодҳои ҷаҳонӣ аз Телавив ва иқдомоти ҷинояткоронаи артиши ин режим дар Ғазза, ки ҳатто садои созмонҳои байналмилалиро низ даровардааст, сукути арабӣ ҳамчун як чароғи сабз, масири ҳамвореро пеши рӯи саҳюнистҳо қарор додааст.

Давлатҳои арабӣ ҳатто ҳозир ба ворид шудан ба масири Туркия ва такрори рафтори мушобеҳи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, (ки борҳо мавзеи лафзии тунде алайҳ Исроил гирифта, вале дар амал тағйири хоссеро эъмол накардааст ва ё пас аз як давраи замонӣ коҳиши муносибот аз ҳаргуна фурсате барои беҳбуди равобит бо саҳюнистҳо истифода мекунад) низ нашудаанд.

Агар маҷмуи 25 кишвари арабӣ, муносиботи расмӣ ва ғайрирасмии худ бо режими саҳюнистиро дар вокуниш ба ин ҷиноятҳо қатъ мекарданд ва аз тариқи созмонҳои минтақаии арабӣ ва исломӣ сиёсати яксоне дар баробари Телавив дар пеш мегирифтанд, авзоъ ба шиддат мутафовит мешуд ва фишорҳо нисбат ба ин режим чандбаробар бештар мешуд.

Сукути арабӣ нисбат ба ҷиноятҳои саҳюнистӣ дар шароите идома дорад, ки девони кайфарии байналмилалӣ дарсадади судури ҳукми боздошт алайҳи Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазир ва Галант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ баромадааст ва девони додгустарии байналмилалӣ дар ҳоли баррасии шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил мабнӣ бар наслкушӣ дар Ғазза аст, ҳамчунин ин девон ахиран ҳукм ба таваққуфи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ додааст ва ҷинояти ахири саҳюнистҳо дар Рафаҳ эҳтимоли судури ҳукми иртикоби ин режим ба наслкуширо ба шиддат афзоиш хоҳад дод.

Бо вуҷуди ҳамаи интиқодҳое, ки миёни афкори умумӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҳатто давлатҳои ғарбӣ алайҳи Исроил шакл гирифтааст, сукути давлатҳои арабӣ нисбат ба ин ҷиноятҳо нашикста аст, дар натиҷа бархе таҳлилгарон ҳатто дар ҳоли матраҳ кардани ин гумон ҳастанд, ки давлатҳои арабӣ ҳомии ин ҷиноятҳо ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад