Сафари Раҳмон ба Озарбойҷон ва мулоқот бо Илҳом Алиев

Музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониба  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон .

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо раисҷумҳури Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо ҳайатҳои расмии ду ҷониба мулоқот намуданд.

Раҳмон дар дидор бо ҳамтои худ гуфт: “Озарбойҷон дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон мебошад”.

Дар тайи мулоқоти ду ҷониба дурнамои маҷмӯи муносибатҳои ду кишварро дар бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Истифодаи самараноки иқтидори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар робита бо масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои расидан ба ҳадафҳо дар самти тиҷорату иқтисод зарур шумурда шуд.

Саноат, энергетика ва кишоварзӣ аз бахшҳои муҳими ҳамкории кишварҳо номида шуда, ба ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, мароқ зоҳир карда шуд.

Ду тараф аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, нақлиёту коммуникатсия, боркашонӣ ва истифодаи бандари баҳрии “Боку”-ро таъкид намуданд.

Дар мулоқоти ду ҷониба гуфта шуд, ки густариши муносибатҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, муҳоҷират, маориф ва фарҳангию гуманитарӣ барои мардумони ду кишвар судовар хоҳад буд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки соли оянда дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон гузаронида шавад.

Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ҷонибҳо аз таҷрибаи хуби мунтазам дастгирӣ намудани якдигар, аз ҷумла оид ба масоили обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуданд.

Дар рафти мулоқот ҳамоҳангии наздики кишварҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.

Дар поёни дидор Раҳмон аз раисҷумҳури Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад