Адои эҳтироми Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти 68 кишвари ҷаҳон ба раисҷумҳури шаҳид Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳони шаҳидаш

Раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва сарон ва мақомоти аршади 68 кишвари ҷаҳон бо ҳузур дар маҳалли солони иҷлоси сарони Теҳрон ба Сайид Иброҳим Раисӣ- раисҷумҳури шаҳид ва ҳамроҳони шаҳидаш адои эҳтиром карданд.

Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон , амири Қатар, раҳбари миллии Туркманистон, русои ҷумҳури Тунис, Сурия , нахуствазирони Покистон, Ироқ, Арманистон, ҷумҳури Озарбойҷон ва Сурия, русои маҷолиси Лубнон, Алҷазоир, Қазоқистон, Малӣ, Эфиопия, Думои Русия ва русои Маҷлиси қонунгузорӣ ва Маҷлиси олии Узбакистон, муовинин русои ҷумҳури Туркия ва Ҳинд ва муовинини нахуствазирони Қирғизистон, Арманистон, Чин, Афғонистон ва Сербистон аз ҷумлаи мақомоти аршаде ҳастанд, ки бо арзи тасалият ба сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ, ба шаҳид Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳони шаҳидаш адои эҳтиром карданд.

Вазирони умури хориҷаи Лубнон, Миср, Тунис, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Узбакистон, Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Шри-Ланка, Афғонистон, Покистон, Венесуэла ва Туркия низ аз дигар мақомоти хориҷии ҳозир дар ин маросим буданд, ки зимни арз таслият ба сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ ба шаҳид Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳони шаҳидаш адои эҳтиром карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад