Тавзеҳоти Русия дар бораи тағйирот ва ислоҳоти қавонини муҳоҷират

Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилии Русия афзуд, ҷиноятҳои аз сӯи муҳоҷирон содиршуда 4% аз шумораи умумии ҷиноятҳоро ташкил медиҳанд.

Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилии Русия афзуд, ҷиноятҳои аз сӯи муҳоҷирон содиршуда 4% аз шумораи умумии ҷиноятҳоро ташкил медиҳанд.

Ба гузориши манбаъ:

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ислоҳот дар соҳаи муҳоҷиратро омода мекунад.

Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор дошт.

Вай гуфт:

“Мо ислоҳотро барои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва пурзӯр кардани назорат аз болои муҳоҷирон омода карда истодаем”.

Ба гуфтаи ӯ, набояд дар Русия ба авҷ гирифтани бегонаситезӣ роҳ дод.

Тавзеҳ дод иҷрокунандаи вазири умури дохилии Русия:

“Инро дар Ғарб интизоранд ва бар ин мекӯшанд, то вазъияти байни табақаҳои гуногуни аҳолиро ноором кунанд”.

Илова бар ин, Владимир Колоколтсев афзуд, ки ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон дар кишвар 4%-ро ташкил медиҳад.

Вай гуфт:

“Мо маҷбур мешавем, ки ба ҳолатҳои ҷудогона вокуниш нишон диҳем. Онҳо тавре рафтор мекунанд, ки тамоми ҷомеаро ба ташвиш меорад”.

Колоколтсев ҳамчунин ёдовар шуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ танҳо будубоши муҳоҷирон дар Русияро назорат мекунад.

Вай тавзеҳ дод, ки аз соли 2021 дар Федератсияи Русия 30 қонуни танзими будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар қабул шудааст, ки аз се ду ҳиссаи онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ омода шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Масъулини Думаи давлатии Русия шеваи назорати электронии муҳоҷиронро на танҳо масъалаи амният, балки масъалаи ҳифзи ҳуқуқи худи онҳо арзёбӣ мекунанд.

Дар назар аст, ҳаракати муҳоҷирон дар Русия тавассути профили рақамӣ барои ҳар як хориҷӣ назорат карда шавад.

Дар ин бора муовини раиси Думаи давлатӣ Сергей Неверов хабар дода, афзудаст, ки ин масъала бо сарвазири Русия, Михаил Мишустин баррасӣ шуд.

Корфармо бояд барои муҳоҷирати меҳнатӣ масъул бошад, яъне агар кормандро ҷалб намуд, бояд ӯро таъмин созад.

Агар аз кор озод карда шуд, дар ин бора мақомоти салоҳиятдор бояд фавран огоҳ карда шаванд, зарур хонд Неверов.

Вай гуфт:  Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад