Режими саҳюнистӣ аз оғози амалиёти заминӣ ба шарқи Рафаҳ хабар дод

Сухангӯи артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба шакли расмӣ аз оғози марҳалаи аввали амалиёти низомии ин режим дар шарқи Рафаҳ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузориҳои манобеи ибрӣ, аз таъйиди марҳалаи аввали амалиёти артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи Рафаҳ аз сӯи кобинаи ҷангии ин режим хабар медиҳанд.

Хабаргузории “Спутник” рӯзи душанбе гузориш дод, ки Авиха Адрай, сухангӯи Араб забони артиши режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ асри имрӯз душанбе ба таври расмӣ аз оғози марҳалаи аввали амалиёти заминии зидди аҳдофи вобаста ба ҷунбиши исломии Ҳамос дар шарқи Рафаҳ дар ҷануби Ғазза хабар дод.

Дақоиқе қаблтар кобинаи дафтари нахуствазири Исроил эълом кард кобинаи ҷанги ин режим ба иттифоқи оро тасмим ба идомаи амалиёт дар Рафаҳ гирифт то фишори низомӣ бар Ҳамосро барои озодии усаро ва дастёбӣ ба дигар аҳдофи ҷанг идома диҳад.

Гуфтнӣ аст наздик ба 1.5 миллион нафар фаластинӣ дар шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷанубитарин нуқтаи Ғазза паноҳ гирифтаанд. Дар сурати оғози амалиёти режими палиди Исроил дар ин минтақа, оворагони фаластинӣ ҷое барои рафтан надоранд. Ожонси имдодрасонии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа гуфт чунончи Исроил тарҳи худ барои ҳамла ба Рафаҳро пеш бибарад садҳо ҳазор нафар дар маърази хатари марг қарор хоҳанд дошт.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид соате қаблтар гуфта буд аз бобати гузоришҳое, ки нишон медиҳанд ҳамлаи заминии густурдаи Исроил ба Рафаҳ мумкин аст қарибулвуқуъ бошанд боиси нигаронӣ аст.

Дар ҳамин робита ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) таъкид кард: омодасозии артиши ишғолгар барои ҳамла ба шаҳри Рафаҳ ҷинояте аст, ки исрори кобинаи Натаняҳу бар идомаи ҷанги нобудиро таъйид мекунад, лизо мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки барои таваққуфи ин ҷиноят, ки ҷони садҳо ҳазор ғайринизомии бедифоъро таҳдид мекунад, иқдоми фаврӣ анҷом диҳад.

Манобеи ибрӣ гузориш доданд, ки аъзои кобинаи ин режими ҷинояткор ба иттифоқи оро, оғози ҳамлаи низомӣ алайҳи Рафаҳро тасвиб карданд. Рӯзномаи Едиот Аҳаронот дар гузорише хотирнишон карда, ки «интизор меравад зарфи чанд рӯзи ( оянда)», ҳамлаи низомии Исроил алайҳи Рафаҳ оғоз шавад.

Ташдиди ҳамалоти муқовимати Ироқ ба аҳдофи саҳюнистӣ ҳамзамон бо ҳамла ба Рафаҳ

Ҳамзамон бо оғози расмии ҳамлаи низомии ишғолгарони саҳюнистӣ ба манотиқе аз Рафаҳ, муқовимати исломии Ироқ низ ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии худ алайҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистиро ташдид кардааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, муқовамити исломии Ироқ дар баёнияи ҷадиди худ бори дигар аз ҳамла ба ҳадафи низомӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

Гурӯҳҳои муқовимати исломии Ироқ бомдоди сешанбе бо интишори баёнияи дигаре эълом кард, ки дар ҳимоят аз мардуми Навори Ғазза, пойгоҳи саҳюнистии «Spear»-ро бо истифода аз чандин паҳпод ҳадаф қарор додааст.

Соате пеш низ, гурӯҳи муқовимати исломии Ироқ бо интишори баёнияе эълом кард, ки пойгоҳи исроилии «Юхантон» дар шимоли Фаластини ишғолиро ҳадаф ҳамлаи паҳподӣ қарор додааст.

Ин чаҳорумин ҳамлаи размндагони муқовимати исломии Ироқ дар камтар аз 24 соати гузашта ба шумор меравад.

Гурӯҳи муқовимати исломии Ироқ дар амалиётҳои гузашта ба сарзаминҳои ишғолӣ, ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи ҳамалоти режими палид ва хуношоми саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, амалиёти худ алайҳи мавозеъи ин режими кӯдаккушро ташдид хоҳад кард.

Ин гурӯҳ пас аз анҷоми амалиётҳои худ дар сарзаминҳои ишғолӣ, ҳамвора бар ҳимояташ аз мардуми мазлуми Навори Ғазза ва ташдиди ҳамалот алайҳи ишғолгарон дар моҳи мубораки Рамазон таъкид карда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад