Суҳбати телефонии Лавров бо Муҳриддин баъди нотаи эътирозӣ ба сафири Русия

Дар пайи супоридани нота ба сафири рус дар Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Русия ба ҳамтои тоҷикаш занг заду тафсилоти қазияро тавзеҳ дод.

Дар пайи супоридани нота ба сафири рус дар Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Русия ба ҳамтои тоҷикаш занг заду тафсилоти қазияро тавзеҳ дод.

Ба гузориши манбаъ:

Бо ташаббуси ҷониби Маскав вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин суҳбати телефонӣ доштаанд.

Ба иттилои ВУХ Русия, Лавров ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи чораҳои андешидаи мақомоти рус ҷиҳати пешгирии терроризм тибқи қонунгузории кишвар тавзеҳоти муфассали иловагӣ дод.

Лавров изҳор доштаст:

“Ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар “Крокус Сити Холл” сабаби асосии тафтиши ҳамаҷонибаи шаҳрвандони хориҷии воридшаванда ба Русия шудаст”.

Ӯ илова намудаст, ки ин тадбирҳо хусусияти муваққатӣ дошта, алайҳи миллату дини алоҳида равона нашудаанд.

Таъкид гардидаст, ки мунтазам вазъият дар гузаргоҳҳои марзӣ муътадил шуда истодааст.

Ҷонибҳо дар мавриди зарурати ғамхорӣ ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Русия ва Тоҷикистон, ки аз санҷиши замон гузаштаанд, таъкид кардаанд.

Роҳбарони ниҳодҳои дипломатии ду кишвар дар масъалаи ҳифз ва таҳкими раванди мусбати муносибот изҳори ҳамовозӣ кардаанд.

Суҳбати вазирон дар пасманзари хабарҳо дар мавриди мушкилоти вуруди бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сурат гирифтааст, ки ҷониби Маскав онҳоро ба таҳкими чораҳои бехатарӣ рабт медиҳад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар нимаи аввали рӯзи 29 апрели соли 2024 ба сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ёддошт, ё нотаи эътирозии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “бо изҳори нигаронии ҷиддӣ вобаста ба муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ки ба таври оммавӣ, ки дар Федератсияи Русия сурат мегирад”, супорида шуд.  Идомаи матлаб дар …  

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад