Тарбияти олим, тавлиди илм ва ҷиҳат додан ба он се вазифаи аслии донишгоҳ аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон асри дирӯз дар дидори дуву ним соата бо ҳудуди се ҳазор нафар аз донишҷӯён ва намояндагони ташаккулҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва илмии донишгоҳҳои Эрон, фардои беҳтар аз имрӯзро мақсуди аслии кишвар ва низоми Эрон хонд ва бо фарохони донишҷӯён ва ташаккулҳои донишҷӯӣ ба ироаи роҳкорҳои нав ба нав барои таҳаққуқи ин ҳадафи асосӣ ва пешрафт бе ақибгарди моддӣ ва маънавии Эрон гуфт: Тарбияти олим, тавлиди илм ва ҷиҳат додан ба ин ду масъала се вазифаи аслии донишгоҳ аст.

Ишон табиати муҳити донишҷӯиро шод, зинда, пурҳаяҷон, мутолибагар ва шавқофарин хонда ва бо ишора ба лузуми дунбол кардани матолиби пешниҳоднамудаи намояндагони ташаккулҳо дар ин дидор, гуфт: Ҳар пешниҳоде бояд зимни доштани умқи таҳлилӣ ва фикрӣ, воқеъбинона ва пухта бошад ва ба гиреҳкушоӣ аз мушкилот кумак кунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба сухани яке аз намояндагони ташаккулҳо дар бораи тафовути дидгоҳи ишон бо соли 1380 ҳиҷрии шамсӣ дар бораи «адолат», таъкид кард: Тафовут ин аст, ки исрори банда бар адолат бештар шудааст.

Ишон моҳи Рамазони имсолро аз назари бурузу зуҳӯри ҷанбаҳои маънавӣ дар ҷомеа аз ҷумла ривоҷи ҷаласоти тиловат моҳи хуб хонда ва бо тавсия ба донишҷӯён барои ҳифзи нуроният ва покии ҳосилшуда дар ин моҳ афзуд: Роҳи аслии таҳаққуқи ин ҳадаф парҳез аз гуноҳ аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ғафлат аз гуноҳ будани бархе корҳоро иллати анҷоми он дониста ва гуфт: Бархе ҳарф заданҳо ва навиштаҳо дар фазои маҷозӣ, ки бе таҳқиқ ва диққат анҷом мешавад, мисдоқи гуноҳ ғофилона аст ва фард ҳатман бояд дар даргоҳи Худованд посухгӯ бошад.

Ишон афзуд: Албатта, ҳаргиз ба муҳофизакорӣ, интиқод накардан ва эрод нагирифтан тавсия намекунем, аммо бояд дар ҳар ҳарф ва амали худ диққати кофӣ кунем.

Оятуллоҳ Хоманаӣ донишҷӯро унсури ҷавон, пуртавон, пурангеза, аҳлм «илму фикру андеша» ва ояндадор тавсиф карда ва гуфт: Бо тавваҷуҳ ба ин хусусиёт аз донишҷӯён интизор дорем, ки нисбат ба оянда фаъол ва ҳассос бошанд.

Ишон эродоти мавҷуд дар ҷомеа ва кишварро бисёр бештар аз матолиби матраҳшудаи донишҷӯён дар ин дидор хонда ва афзуд: Агар ҷомеаи донишҷӯӣ бо фикру барномарезӣ, барои ояндаи кишвар як манзумаи корӣ ва арзишӣ танзим кунад ва роҳ рафтан ба самти онро мушаххас намояд, 5 сол баъд ҳатман мушкилоти мавҷуд камтар хоҳад буд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ амалӣ шудани матолиберо, ки дар дидорҳои донишҷӯии солҳои гузашта баён кардааст, аз ҷумла таваққуоти раҳбарӣ аз ташаккулҳо баршумурда ва гуфт: Ҳамон гуна ки борҳо гуфта шуд, кори аслии донишҷӯ дарс хондан аст, аммо дар канори он, нигоҳ ба мардум ва ҷомеа ва ироаи роҳи ҳалли мушкилот ҷузви вазоифи ҳатмии донишҷӯён аст.

Ишон «фардои беҳтар аз имрӯз»-ро мақсуди бузург ва аслии кишвар ва низом хонда ва таъкид кард: Барои таҳаққуқи ин ҳадафи асосӣ бояд ормонҳои мушаххасеро таъриф кунем.

Оятуллоҳ Хоманаӣ шинохти мавқеияти кунунии кишвар ва низомро қадами аввал барои ҳаракат ба самти ормонҳо ва таҳаққуқи фардои беҳтар баршумурда ва гуфт: Бархе афрод аз ин воқеияти таъйинкунанда ва аслӣ ғофиланд, ки низоми инқилобии кунунӣ ҳосили силсиламуборизоти душвору печида бо даврони сиёҳи тоғут аст.

Ишон афзуд: Албатта, бисёре аз аҳдофи Инқилоби Исломӣ ҳануз таҳаққуқ наёфта, аммо тавваҷуҳи доимӣ ба «инқилобӣ бӯдани низом» ва «дарки воқеиёти дирӯз» бояд ҳамеша мавриди тавваҷуҳи ҷомеа донишҷӯӣ бошад то дар бораи имрӯз доварии дуруст дошта бошем.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар шарҳи воқеиятҳои низоми фосид, хоин ва вобастаи паҳлавӣ гуфт: Дар он даврон дар раъси кишвари ба азамати Эрон, хонаводаи фурӯмоя ва мубтало ба анвои фасод бар мардум ҳукумат мекард; зимни ин ки аз лиҳози мудирияти ҷомеа ҳам истибдоди мутлақ ҳоким буд ва бархилофи имрӯз, мардум ҳузур ва дахолат дар масоили кишвар надоштанд ва ба ҳисоб намеомаданд.

Дастнишондагии сиёсӣ ва итоат дар муқобили бегонагон дар зимни зулму зӯргӯӣ ба мардум, резахории пасмондаҳои фарҳангии ғарб, фосилаи шадиди табақотӣ, бемаъно будани адолат, табъизи фавқулодаи шадид, вижахории ҳамаи масъӯлон ва муртабитон бо дарбор аз дигар воқеиёти қабл аз инқилоб буд, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ ба он ишора кард.

Ишон афзуд: Аз лиҳози илмӣ ҳам агарчӣ устодони хуб ва коромаде дар донишгоҳҳо буданд, аммо фаровардаҳои илмӣ, санъатӣ ва фанноварии қобили иттикое дар донишгоҳҳо ҳосил намешуд ва тасаввури ғалати нотавонии эрониҷамоат дар дастёбӣ ба марзҳои илмии ҷаҳонӣ ҷузви мусалламоти зеҳнии ҳокимони даврони тоғут буд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ аз лиҳози ҳувияти ҷамъӣ, Эрони даврони паҳлавиро аз ақмори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии бегонагон хонда ва бо шармовар хондани он вазъият гуфт: Мубориза бо он воқеияти бисёр талх аз авоили даҳаи 20 бо ҳузури соҳибони афкори мухталиф оғоз шуд, ки авҷи он наҳзати миллӣ кардани нефт буд, ки он ҳам бо қудато ва табаддулоти низомии амрикоӣ – англисии 28 мурдод ва бо омилияти арозилу авбош шикаст хӯрд, ки шикасти наҳзати миллӣ бо кудатои арозилу авбош дар воқеъ таҳқири миллати Эрон буд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ шакли такомулёфтаи ин муборизотро муборизаи мардум ба пешронии уламои динӣ ва раҳбарии имом Хумайнӣ (рҳ) зидди режими тоғутӣ хонда ва гуфт: Имом дар қолаби як ҳаракати динӣ ва миллӣ мардумро басиҷ кард ва инқилоби исломӣ ингуна ба вуҷуд омад, ки ин шиносномаи таърихи миллати Эрон аст.

Ишон матни инқилобро ҷумҳӯрият ва исломият дониста ва бо ишора ба раъйи тақрибан ҳамаи мардум ҳатто ғайримуътақидин ба Ислом ба Ҷумҳурии Исломӣ, хотирнишон кард: Дар ҳамон замон шубаҳоте дар бораи имкони созгории мардумсолорӣ ва раъйи мардум бо чорчӯби Ислом матраҳ шуд, ки ҳуқуқдонони барҷаста посухҳои равшане ба ин шубаҳот доданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: Ормонҳои Ҷумҳурии Исломӣ зайли ду унвони куллӣ хулоса мешавад: «идораи кишвар ба шеваи исломӣ» ва «ироаи улгӯе ба мардуми ҷаҳон барои идораи хуби як кишвар», ки шумо донишҷӯён дар маҳофил ва нишастҳои фикрӣ ва мутолиотӣ ва иртиботот бо соҳибназарони муътақид ба инқилоб бояд барои нав ба нав шудани роҳҳои таҳаққуқи ин ду унвон кор ва талош кунед.

Ишон шохисҳои идораи кишвар ба шеваи исломиро дар баёноти Наҳҷулбалоға ҳамчун фармони Амирулмуъминин Алӣ ибни Абитолиб ба Молики Аштар намоён дониста ва афзуд: Идораи кишвар ба шеваи исломӣ яъне қарор гирифтан дар масири пешрафти моддӣ ва маънавии бевақфа ва бе ақибгард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ рифоҳи умумӣ, амнияти ҷисмӣ ва ахлоқӣ, пешрафти илмӣ, густариши саломат, ҷавон нигаҳ доштани ҷамъият, анвои созандагиҳо ва навовариҳо ва адолатро аз сарфаслҳои аслии пешрафти моддӣ баршумурда ва гуфт: Адолат, ки бояд дуруст фаҳмида шавад, ба маънии нафйи фосилаи табақотӣ дар истифода аз фурсатҳои умумӣ ва қарор додани мусовии фурсатҳо дар дастраси мардум аст, чунки эҷоди имтиёзи хос дар истифода аз фурсатҳо, зулм ва хилофи адолат аст.

Ишон интишори матлаб дар фазои маҷозӣ зидди афродеро, ки ба ҳар далеле фурсати посух надошта бошанд, намунае аз набуди фурсати баробар ва ба ҳамин далел зиди адолат хонда ва афзуд: Адолат фақат дар масоили молӣ нест, балки дар масоили обрӯӣ, шуғлӣ ва ҳайсиятӣ ҳам бояд риоят шавад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ахлоқ, диндорӣ, таовун, сабки зиндагии исломӣ ва исору муҷоҳидатро аз ҷумла сарфаслҳои пешрафти маънавӣ баршумурда ва гуфт: Таҳаққуқи ҳамаи ин муаллифаҳо ва сарфаслҳои моддӣ ва маънавӣ ниёзманди барномаирезӣ ва фикру назарияи нав ва ба рӯз аст, ки ҷомеаи донишҷӯӣ бояд дар канори дағдағамандӣ ва мутолибагариҳои худ, дар ин замина кору талоши мудовим кунад.

Ишон ормони дувуми Ҷумҳурии Исломӣ яъне ироаи улгӯи кишвардорӣ ба дунёро дар воқеъ дилсӯзӣ ва хайрхоҳӣ барои мардуми дунё дониста ва гуфт: Ин ормон дар бархе абъод то ҳудуде муҳаққиқ шуда ва бисёре аз ҳаводисе, ки шумо ҷавононро ба ҳаяҷон меоварад ва дар сатҳи минтақа ва дунё ба онҳо ифтихор мекунед, марбут ба кишвар ва ҷомеа ва инқилоби шумост.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонашон, донишро рукни аслии донишгоҳ хонда ва бо таъкид бар се вазифаи аслии донишгоҳ яъне «тарбияти олам», «тавлиди илм» ва «ҷиҳат додан ба тарбияти олим ва тавлиди илм» гуфт: Донишгоҳҳои дунё дар вазифаи сеюм яъне ҷиҳат додан ба тарбияти олиму тавлиди илм дучори мушкил ҳастанд ва ба ҳамин иллат маҳсулоти онҳо абзори дасти қудратҳои истикборӣ ва саҳюнистӣ мешавад.

Ишон бо таъкид бар зарурати тавваҷуҳи ҳамаи аркони донишгоҳ аз ҷумла мудирон, устодон, донишҷӯён ва мутуни дарсӣ ба ин се вазифаи муҳим, бахши муҳиме аз эътибори ҷаҳонии Эронро марҳуни пешрафтҳои илмӣ ва фанноварии он дониста ва афзуд: Бояд бо ҳифзи ин эътибор, кишварро аз лиҳози илмӣ ғанӣ кунем, ки албатта қудратҳои истикборӣ ин қудрату эътиборро барои Эрон намеписанданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши поёнии суханонаш, дар баёни чанд тавсия ба ташаккулҳои донишҷӯӣ, интизорот аз ташаккулҳоро бисёр зиёд хонда ва гуфт: Ташаккулҳои донишҷӯӣ бояд бавижа дар муҳити донишҷӯӣ ва дохили донишгоҳ асаргузор бошанд, дар ҳоле ки ин асаргузорӣ акнун дида намешавад ё андак аст.

Ишон бо ишора ба вуҷуди талошҳое дар донишгоҳҳо барои ин ки донишҷӯи эронӣ ташаххуси худро дар дунболаравӣ аз ғарб бидонад, хотирнишон кард: Ташаккулҳои донишҷӯӣ бояд дар муқобили ин талошҳо фаъолона биистанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ аъзои ташаккулҳои донишҷӯиро ба тақвияти пуштвонаҳои фикрӣ ва назарӣ тавсия карда ва гуфт: Бе пуштвонаи қавии фикрӣ наметавон тафаккури инқилобиро густариш дод, зимни ин ки мумкин аст, дар асари ин заъф, худи ташаккулҳо таҳлил бираванд, ки дар мавориде низ ин иттифоқ афтода ва зери унвони Ислом бархилофи фикри исломӣ кор ва иттилоия дода шудааст.

Ишон бо интиқод аз камранг будани пешрафтҳои кишвар дар зеҳну мавозеи донишҷӯён, хитоб ба онҳо таъкид кард: Зимни доштани нигоҳи наққодона, нигоҳи сарафрозона ҳам дар қиболи пешрафтҳои пуршумори бахшҳои мухталифи кишвар дошта бошед ва ба ин пешрафтҳо ифтихор кунед.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ташаккулҳои донишҷӯиро аз фурсатҳои бузурги кишвар хонда ва гуфт: Ихтилофи назар ва равиш байни ташаккулҳо ишколе надорад, аммо ҳамчунон ки дар ибтидои сол таъкид ва такрор кардам, ихтилофи назарӣ ва фикрӣ набояд дар ҳеҷ сатҳе аз ҷомеа ва дастгоҳҳо ба даъво ва гиребонгирӣ биянҷомад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад