Чаро Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон виза ҷорӣ кард ?

Хабари ҷорӣ шудани виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Туркияро таҳлилгарон ба ҳодисаҳои Маскав ва гумонбар шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳамла рабт медиҳанд.

Хабари ҷорӣ шудани виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Туркияро таҳлилгарон ба ҳодисаҳои Маскав ва гумонбар шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳамла рабт медиҳанд.

ба гузориши манбаъ:

Чунин назарҳое ҳам садо медиҳанд, ки президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки дар талоши тақвият ва тавсеаи нуфузи Туркия ба унвони як кишвари пешвои мардуми туркзабон мебошад, аз ин роҳ мехоҳад болои Тоҷикистони форсизабон дар минтақаи Осиёи Марказӣ фишор оварад, вагарна дар гузашта Туркия бо ҳодисаҳои аз ин сангинтари таҳдидҳои террористӣ рӯбарӯ шуда, даст ба чунин иқдомҳои сахте назадааст.

Тааҷҷуб аз хабари ғайриинтизории ҷорӣ шудани виза аз он ҷо ҳам ҳаст, ки вақтҳои охир дар равобити сиёсии байни Душанбе ва Анкара як ҳамкории зичу наздике мушоҳида мешуд. Моҳи январ вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидан бо президенти Тоҷикистон мулоқот кард ва гуфт, ки президент Эрдуғон ба Тоҷикистон сафар мекунад ва ҳам баҳор созишномаи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон имзо мешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамкориҳои бисёр наздики сохторҳои қудратии ду кишварро дар шикору таъқиби дигарандешон дар хоки ҳамдигар танқид мекунанд, чун Анкара ва Душанбе талабҳои ҳамдигар ба боздошту истирдоди мунаққидони ҳукуматҳоро қонеъ мекунанд ва бо ин роҳ даст ба таъқибҳои фаромиллӣ мезананд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 2018 ҳақ доштанд бе раводид ё виза 90 рӯз дар Туркия истанд. Тоҷикистониҳо ба Туркия асосан барои кору тиҷорат мераванд. Мақомот пештар шумораи онҳоро тақрибан 7 ҳазор нафар шумурда буданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Туркия аз ин тасмими худ Душанберо пешакӣ бо каналҳои дипломатӣ огоҳ накардааст ва ҳоло Тоҷикистон масъалаи ҷавобан ҷорӣ кардани раводиди сафарро барои шаҳрвандони Туркия баррасӣ дорад.

Радиои Озодӣ аз се коршинос вокуниши онҳоро ба қарори Туркия суол кард.

АБДУМАЛИК ҚОДИРОВ: БАРОИ ЧАНД НАФАР ҶАЗО ДИДАНИ ЯК МИЛЛАТ БЕРУН АЗ МАНТИҚ АСТ

Абдумалик Қодиров: Фикр мекунам, ин ки Туркия низоми бераводидро барои Тоҷикистон бекор кард, ин натиҷаи ҳамон ҳаёҳуи матбуоти Русия нисбати гумонбаршудаҳо ва он терроре аст, ки дар Маскав рух дод, агарчанде дар худи Туркия чунин ҳодиса рух дода буд ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар он гумонбар шуда буданд, худи Туркия аз ин имтиҳон гузашта буд. Вале то замоне, ки ин ҳаёҳу дар расонаҳои Русия пайдо нашуд, Туркия чунин қарор қабул накард. Фикр мекунам, коре, ки мақомоти Туркия карданд, ба қавле ҷазо додани як миллат барои ҷурме, ки агарчанд расман исбот нашудааст, якчанд намояндаи ин миллат кардаанд. Аслан кори чандон хуб нест. Барои чанд нафар ҷазо дидани як миллат берун аз мантиқ аст.

Радиои Озодӣ: Вақтҳои охир мо шоҳиди равобити бисёр хуби сиёсии байни ҳукуматҳо будем, вазири корҳои хориҷии Туркия ба Тоҷикистон омада, изҳороти калоне дар бораи санаи имзои созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ҳам кард ва нишон дод, ки дар ин санад манфиатдор аст. Як ҳолати духӯра нест ин ҷо, ба назари шумо?

Абдумалик Қодиров: Гапи шумо дуруст аст ва муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Туркия вақтҳои охир ҳасана шуданд. Туркия худро ба ҳайси як миёнҷии мусбат дар байни кишварҳои Осиёи Миёна намоиш доданӣ мешуд ва ба ин муваффақ ҳам шуда истода буд. Вале ин қарори сарее, ки Туркия имрӯз қабул кард, натиҷаи ҳаёҳуи матбуоти русӣ аст.

Радиои Озодӣ: Маълум аст, ки мардуми Туркия аз ин чиз зиёд осеб намебинад, вале паёмадаш барои тоҷикистониён чӣ мешавад?

Абдумалик Қодиров: Барои муносибатҳои Тоҷикистону Туркия ин албатта як зарба аст, бахусус барои муносибатҳои тиҷҷории байни Тоҷикистону Туркия. Як теъдоди калони тоҷирони тоҷик ба хотири он ки рафтуомад бидуни монеа буд, ба Туркия рафта молу коло мехариданд, омада мефурӯхтанд ва савдо миёни ду кишвар зиёд шуда истода буд. Вале паёмади дигари ин қарор метавонад ин шавад, ки кишварҳои дигар метавонанд аз Туркия пайравӣ кунанд. Рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистонро печидатар кунанд.

 

ТЕМУР УМАРОВ: ИН ВОКУНИШ БА АЗИМТАРИН ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР РУСИЯ АСТ

Темур Умаров: Ман инро ба пантуркизм ё кадом фишоре ба Тоҷикистон рабт намедиҳам, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ фарқкунанда буда ба ҷаҳони форсизабон рабт дорад. Ба бовари ман, ин вокуниш ба амали терорристӣ ва фарзияи мақомоти Русия аст, ки гуфтанд, ду шаҳрванди Тоҷикистон ва гумонбари боздоштшудаи анҷоми ҳамла ба Маскав барои аз нав ворид шудан ба Русия муддате ба Туркия сафар карда баргаштанд. Инчунин фарзияе ҳаст, ки онҳо ба Туркия бо мақсади мулоқот бо бархе гурӯҳҳои хатарзои мисли Шабакаи Хуросони ДОИШ рафта буданд. Ба назари ман, ин вокуниш ба ҳамлаи террористии азимтарине дар чанд даҳсолаи ахир дар Русия ва Аврупо мебошад.

Радиои Озодӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин андешаеро ҳам дидан мумкин аст, ки бархе метарсанд, ки кишварҳои дигар ҳам кори Туркияро дар нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон такрор хоҳанд кард.

Темур Умаров: Шумори кишварҳое, ки бо Тоҷикистон низоми бидуни раводид доранд, зиёд нест. Вале чунин ҳодисаҳо бешубҳа дар обрӯи тамоми кишвар ва мақоми шиносномаи он таъсиргузор мешаванд. Бахусус дар кишварҳои ғарбӣ, ки аз ҳамлаҳои террористӣ бисёр ҳарос доранд, шояд бо нобоварии бештар ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибат кунанд. Аллакай як хабаре пахш шудааст, ки дар Фаронса дар остонаи бозиҳои тобистонаи олимпӣ шаҳрвандони Осиёи Марказиро бештар тафтиш хоҳанд кард. Пештар ҳам сайру саёҳати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷаҳон осон набуд, вале акнун шояд боз сахттар шавад.

 

ФАРИДУН ҲОДИЗОДА: РАВАНД ХЕЛЕ ПЕШТАР САР ШУДА БУД

Фаридун Ҳодизода: Хуб, якум: мо бояд дарк кунем, ки ҳамла ба калисо дар охири январ, ки гуфта мешавад, як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия дар он даст доштанд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Туркияро нигарон карда буд. Ғайр аз ин тафтиши ҳамлаҳо дар Кирмон ва Шерози Эрон нишон дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба Эрону Афғонистон сафар мекарданд ва дар марказҳои ДОИШ тамрин мекарданд. Шояд барои ҳамин аз миёни феврал Туркия ба нафарони машкук иҷозаи ворид намедод ва ин дар мақолаи Радиои Озодӣ аз 21 феврал иттилоъе нашр шуд.

Баъд аз 22 март қувваҳои интизомии Туркия то ин дам беш аз 140 нафарро боздошт карданд ва гуфта шуд, ки боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоли омода кардани ҳамлаи террористӣ боздошт шудааст. Ба фикрам, корд ба устухон расид ва аз ин рӯ Туркия режими визаро ҷорӣ кард. Ҳоло маълум нест, дар куҷо раводид дода мешавад. Шояд дар фурудгоҳ мисли он, ки шаҳрвандони Амрико соҳиби раводиди Туркия мешаванд, шояд дар консулхонаҳо. Аз ин рӯ роҳи манъи вуруд ба хоки Туркия барои нафарони машкук осонтар мешавад. Ҳоло бояд интизор шуд, ки сафорати Туркия чӣ мегӯяд ва имрӯз мусофирони тоҷик марзи Туркияро чӣ тавр убур мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад