Вокунишҳо ба ҳамлаи саҳюнистҳо ба консулгарии Эрон дар Димишқ

Ҳамлаи асри рӯзи гузаштаи ҷангандаҳои Исроил ба бинои консулагарии Эрон, ки дар пайи он 7 нафар аз машваратчиёни ин кишвар ба шаҳодат расиданд, вокунишҳои кишварҳои мухталифро дар пай дошт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластини зимни маҳкумияти шадиди бомбаборони бинои консулгарии Эрон дар Димишқ ва таслият ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин ҳамларо талоше аз сӯи душмани саҳюнистӣ барои фирор аз шикаст дар Ғазза тавсиф кард.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин “Ҳамос” зимни маҳкум кардани ҳамлаи террористии артиши саҳюнистӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ бо Эрону Сурия дар баробари ин таҳоҷуми нозӣ эъломи ҳамбастагӣ карда ва хостори таҳарруки фаъоли Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шуд.

Муҳаммад Абдусалом, сухангӯи Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман илова бар маҳкум кардани ҳамлаи саҳюнистӣ ба консулгарии Эрон ва шаҳодати чанд фармондеҳи эронӣ таъкид кард, ки ин ҳамла талоше аз сӯи саҳюнистҳо барои нишон додани чеҳраи пирӯз аз худ аст.

Вазорати хориҷаи Покистони илова бар маҳкумияти ҷинояти саҳюнистҳо, ҳамла ба консулгарии Эронро таҷовузи ғайриқобили қабул ба ҳокимияти Сурия ва суботу амнияти ин кишвар баршумурд.

Вазорати хориҷаи Уммон низ ҳамлаи саҳюнистӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқро маҳкум ва онро таҷовуз ба ҳокимияти Сурия тавсиф кард.

Абӯалӣ Ал-аскарӣ, масъули амниятии неруҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ, таҳоҷум ба Димишқро таҷовузи муҷримонаи исроилӣ-амрикоӣ тавсиф кард.

Вазорати хориҷаи Русия ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқро ба шиддат маҳкум карду ин иқдомоти мутаҷовизонаи Исроилро ғайриқобилии қабул тавсиф карда ва бар лузуми таваққуфи онҳо таъкид кард.

Ҳусайн Акбарӣ, сафири Эрон дар Сурия бо баёни ин ки дар ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон аз 6 мушак истифода шудааст, таъкид кард, ки ин амал посухи ҳамтии Эронро дар пайи хоҳад дошт.

Кишвари Иморот ҳам бо судури баёнияе ҳамлаи режими Исроил ба бинои консулгарии сафорати Эрон дар Димишқро маҳкум кард.

Вазорати хориҷаи Қатар дар баёнияе бо маҳкум кардани ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия, онро зидди паймонҳои байналмилалӣ ва одати дипломатик хонд.

Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни маҳкум кардани ин инқдом, таъкид кард, ки Эрон посухи мутақобилро ҳаққи худ ва нисбат ба навъи вокуниш ва танбеҳи Исроил тасмимгирӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад