Тазоҳуроти ҳимоят аз Ғазза дар кишварҳои мухталиф

Мардуми теъдоде аз кишварҳои арабӣ, исломӣ ва аврупоӣ бо баргузории тазоҳуроти густарда хоҳони хотима додан ба ҷанги Ғазза шуданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ҳазорон нафар аз мардуми кишвари Урдун шомгоҳи шанбе дар наздикии сафорати Исроил дар Амон, пойтахти ин кишвар бо баргузории тазоҳуроти густарда ва ҳамли парчамҳои Урдун ва Фаластин хоҳони ҳимоят аз Ғазза ва бекор кардани созишномаи сулҳ бо режими Исроил шуданд.

Тазоҳуроткунандагони урдунӣ ҳимояти худро аз мардум ва муқовимат дар Ғазза эълон ва хоҳони поёни ҷанги Ғазза шуданд.

Неруҳои амниятии Урдун монеи вуруди парчами Фаластин ба ин тазоҳурот шуданд.

Ҳамчунин дар майдони Ат-таҳрир дар маркази Бағдод, пойтахти Ироқ тазоҳуроте барои ҳимоят аз Ғазза ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ баргузор шуд.

Эътирозгарон ба ҷанги Ғазза ҳимояти худро аз мардум ва муқовимати Фаластин эълон ва бар аҳамияти поён додан ба ҷанг дар ин минтақа таъкид карднд.

Ғазза

Мардуми Марокаш низ бо баргузарии тазоҳуроти густарда мухолифати худро бо ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза эълом карданд.

Онҳо шиорҳоеро алайҳи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ сар доданд.

Дар тазоҳуроти шаҳри Сало дар Марокаш неруҳои амниятӣ ба ҳомиёни Ғазза ҳамла карданд.

Ҳамчунин роҳпаймоиҳое дар шимоли Ал-халил ва шаҳри Ромуллоҳ дар ҳимоят аз Ғазза ва маҳкумияти ҷиноятҳои ишғолгарон баргузор шуд.

Тазоҳуроткунандагон ҳимояти худро аз муқовимати Фаластин эълом карда ва хоҳони таваққуфи ҷанг шуданд.

Фаъолони кишвари Тунис низ тазоҳуротеро барои бузургдошти рӯзи “Замини Фаластин” баргузор карданд.

Онҳо дар ин тазоҳурот куштори мардуми Ғаззаи мазлум тавассути режими саҳюнистиро маҳкум карданд ва хоҳони таваққуфи ҷиноятҳо дар Ғазза шуданд.

Сокинони шаҳри Карочӣ дар Покистон низ шомгоҳи шанбе тазоҳуроти густардаеро дар ҳимоят аз Фаластин баргузор карданд.

Онҳо хоҳони таваққуфи ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза шуданду куштору гуруснагӣ додан ба мардуми ин минтақаро маҳкум карданд.

Шаҳре дар Канада низ шоҳиди тазоҳуроти густарда дар ҳимоят аз Фаластин буд ва тазоҳуроткунандагон хоҳони таваққуфи ҷанг алайҳи Ғазза шуданд.

Дар Лондон низ рӯзи шанбе тазоҳуроти густардае дар ҳимоят аз Ғаззаи мазлум баргузор шуд ва тазоҳуроткунандагон бар лузуми таваққуфи ҷанги режими саҳюнистӣ таъкид карданд.

Ғазза

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад