Барпоии намоз дар муқобили толори “Крокус” аз сӯи мусулмонони Русия

Идораи динии мусулмонони Русия дирӯз ҷумъа, бо ҳузур дар муқобили толори "Крокус" дар наздикии шаҳри Маскав, пойтахти ин кишвар барои қурбониёни ҳамлаи террористӣ иқомаи намоз кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ; Ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Русия Ал-Явм”, Рошан Абясов, ноиби раиси идораи динии мусулмонони Русия дар ин бора гуфт: ҷамъе аз рӯҳониён, дирӯз ҷумъа қабл аз намози ҷумъа дар муҳавватаи толори Крокус барои рӯҳи қурбониёни ҳамлаи террористӣ иқомаи намоз карданд.

Вай дар идома аз Худованди Мутаол барои ҷонбохтагони ин ҳодисаи террористӣ раҳмати илоҳӣ ва барои осебдидагон шифои оҷил масъалат кард.

Рошан Абясов изофа кард: марокизи ҳимояти равонӣ барои осебдидагон ва хонаводаҳои қурбониён дар марокизи исломии Маскав роҳандозӣ шудааст.

Вай дар идома ёдовар шуд: мусулмонони Русия ҳамчун соири шаҳрвандони ин кишвар ба маҷрӯҳон хун эҳдо мекунанд ва бисёре аз довталабони мусулмон низ дар маҳалли ҳодиса ба имдодрасонӣ пайвастанд.

Рошан Абясов дар поён бо таъкид бар ин, ки ҳаркас нафсеро ба қатл бирасонад гӯё ҳамаро куштааст, гуфт: террористҳое, ки ин ҳамларо муртакиб шуданд миллит ва дин надоранд ва муҷозот хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавад, шаҳрвандони русӣ ва хориҷӣ ба маҳалли ҳамлаи террористии Крокус мераванд то дар муқобили сохтумони осеб дида гул бигузоранд ва барои рӯҳи қурбониёни ин ҳодиса дуо кунанд.

Шомгоҳи ҷумъа 22 март чаҳор марди мусаллаҳ ба толори шаҳри Крокус дар наздикии Маскав ҳамла карда ва шурӯъ ба тирандозӣ карданд. Муҳоҷимон ҳамчунин аз маводди мунфаҷира истифода карданд, ки сабаби оташсӯзӣ дар толор шуд. Оморҳои расмӣ то кунун кушташудани 143 нафар ва захмӣ шудани 182 нафарро таъйид кардааст. Гумон меравад бисёре аз қурбониён бар асари истиншоқи дуд кушта шуда бошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад