Ифшои тарҳи нави саҳюнистҳо дар бораи Ғазза

Режими саҳюнистӣ дар ҳоли иҷроӣ кардани проекте ҷадид дар Навори Ғазза барои ишғол ва тасоҳуби бештари сарзаминҳои ин минтақа аст.

Режими саҳюнистӣ дар ҳоли иҷроӣ кардани проекте ҷадид дар Навори Ғазза барои ишғол ва тасоҳуби бештари сарзаминҳои ин минтақа аст.

Режими Исроил дар шароити кунунӣ дар ҳоли иҷрои як проекти густарда дар Навори Ғазза аст. Ин режим саъй дорад як минтақаи ҳоили амниятӣ ба арзи як километрро дар наздикии марзҳои Навори Ғазза бо заминҳои ишғолӣ эҷод кунад.

Артиши режими саҳюнистӣ муҷрии аслии ин проект аст. Проекте, ки 16 дарсад аз хоки Ғаззаро дар бар мегирад ва то ҳадди зиёде бар раванди таҳаррукот ва ҷо ба ҷоиҳои мардуми Фаластин дар манотиқи шимолии муҷовир бо заминҳои ишғолӣ назорат дорад.

Шавоҳиди айнӣ ҳокӣ аз ин ҳастанд, ки ағлаби сохтмонҳои вайроншуда аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза низ дар ҳамсоягии ин минтақаи ҳоили амниятӣ қарор доранд ва ба навъе саҳюнистҳо ба думболи заминачинӣ барои таҳаққуқ ва иҷроӣ кардани проекти мавриди назари худ ҳастанд.

Пеш аз ин, гузоришҳои мухталифе дар бораи нобудии беш аз 70 дарсад аз сохтмонҳои маскунии шимоли Навори Ғазза дар натиҷаи ҳамлаҳои саҳюнистҳо ба минтақаи мазкур нашр шуда буд.

Қариб ба 6 моҳ аз оғози ҷанги Ғазза мегузарад. Ҷанге, ки токунун сабаби кушта шудани беш аз 32 ҳазор фаластинӣ ва захмӣ ва мафқуд шудани даҳҳо ҳазор нафари дигар шудааст. Ҷанге, ки аз манзари нархи куштори ғайринизомиён, маргбортарин ҷанги қарни бистуякуми ҷаҳон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад