Шумори шаҳидони Ғазза аз 31500 нафар гузашт

Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза аз афзоиши теъдоди шаҳидони ҷанги Ғазза ба 31 ҳазору 553 нафар хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, артиши режими саҳюнистӣ дар 24 соати гузашта ҳафт куштору ҷинояти дигарро дар ҳаққи ғайринизомиёни фаластинӣ дар ин борика муртакиб шудааст.

Ин вазоратхона афзуд: Дар ин ҳамлаҳо 63 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва 112 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Шумори куллӣ шаҳидони ҷанг дар Ғазза аз ҳафтуми октябр ба 31 ҳазору 553 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 73 ҳазору 546 нафар афзоиш ёфтааст, ин дар ҳоле аст, ки аҷсоди наздик ба 8000 нафар ҳам ҳануз зери овораҳо мебошад.

Ҳамзамон Бошгоҳи асири Фаластин ва Ҳайати умури асирон дар баёнияе муштарак эълом карданд, низомиёни ишғолгар аз шомгоҳи дируз то ин лаҳза 20 фаластинии дигарро дар ҳамалот ба Каронаи Бохтарӣ боздошт карданд.

Шумори зиёде аз боздоштшудагон ҷузви асирони собиқ ҳастанд.

Аз оғози ҷанг дар Ғазза токунун наздик ба 8000 нафар дар Каронаи Бохтарӣ тавассути ишғолгарони исроилӣ боздошт шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад