Амрико ва Исроил “Ҷинояти қарн”-ро дар Ғазза муртакиб шудаанд

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман, рафтори Амрико дар хусуси ирсоли кумак ба мардуми Ғаззаро ҳамроҳ бо нифоқ донист ва гуфт амрикоиҳо дар ивази ирсоли маҳдуди кумак ба ин мардум, чандин тонна бомб барои куштори онон мефиристанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳавсӣ” раҳбари маънавии инқилоби Яман ва ҷунбиши Ансоруллоҳ шомгоҳи панҷшанбе дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа ба вижа ҷанги Амрико – Исроил алайҳи Навори Ғазза суханронӣ кард ва гуфт: «Шумори шуҳадо ва афроди захмӣ, бисёр ваҳшатнок аст ва ин масъала барои ҷаҳоне, ки муддаии тамаддун аст, нанг ва ор ба шумор меравад».

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳавсӣ, зимни ибрози нигаронӣ нисбат ба шаҳодати шуморе аз мардуми Ғазза ба хотири ташнагӣ, афзуд: кумакҳои каме, ки аз тариқи ҳавопаймо барои мардуми Ғазза партоб мешавад, як намоиши амрикоӣ аст, ки каромати миллати Фаластинро хадшадор мекунад».

Вай бо баёни инки Амрико ва Исроил ба маънои воқеии калима, «Ҷинояти қарн»-ро муртакиб шудаанд, тасреҳ кард: «Танҳо гузоштани мардуми Фаластин тавассути мусулмонон ба вижа кишварҳои арабӣ, боиси рақам хӯрдани Ҷиноят қарн шудааст. Амрико низ бо ҷилавгирӣ аз таваққуфи ҷанг ва исрор ба тадовуми муҳосира, боис тадовуми ҷиноёти Исроил шудааст».

Раҳбари Ансоруллоҳ зимн интиқод аз рафторҳои мунофиқонаи Амрико дар хусуси ирсоли кумак ба мардуми Фаластин, гуфт: Амрико бо фарибкорӣ рафтор мекунад; Зеро бозгушоии комили гузаргоҳҳои заминӣ, ё гузаргоҳҳои дарёӣ барои рафъи ниёзҳои зарурӣ дар кор нест. Амрико бо партоби ҳавоии кумакҳо ё эҳдоси бандаргоҳ, дар талош аст дар кумакрасонӣ бузургнамоӣ кунад, вале воқеият ин аст, ки гуруснагӣ ҳамчунон идома дорад.

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳавсӣ, бо баён инки Амрико дар изои ирсоли маҳдуди кумак ба мардуми Ғазза, чандин тонна бомб барои куштори онон мефиристад, хотир нишон кард: «Агар кишварҳои исломӣ ба Ғазза кумак кунанд, вазъият бисёр мутафовит хоҳад буд.

 Бадруддин Ал-Ҳавсӣ: Фақат Эрон аз муқовимати Фаластин ҳимоят кард

Вай бо баёни инки аз миёни беш аз 50 кишвари исломӣ, фақат Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муқовимати Фаластин силоҳ мефиристад, идома дод: «Муқовимати Фаластин дар хатти муқаддам қарор дорад ва ба ниёбат аз мусулмонон вориди ин ҷанг шудааст. Бархе аз рижимҳои арабӣ фақат ба танҳо гузоштани муқовимати Фаластин иктифо накардаанд, балки дар талош ҳастанд, ки онро дар листи терроризм қарор диҳанд».

Раҳбари  Ансоруллоҳ бо ишора ба инки Исроил бо гузашти чанд моҳ ҳанӯз натавонистааст аҳдофи худро муҳаққақ кунад, гуфт: «Миллати Фаластин ҳамчунон исрор дорад, ки дар Навори Ғазза боқӣ бимонад; Ҳар чанд, ки душман талош мекунад онро ғайри қобили сукунат кунад.

Бадруддин Ал-Ҳавсӣ, бо таъкид бар инки садҳо ҳазор саҳюнистӣ дучори бемориҳи равонӣ шудаанд, афзуд: «Ҳама бояд бидонем, ки Исроил душмани ҳамаи мусулмонон аст. Ваҳшигарии Амрико алайҳи миллати Фаластин, ваҳшигирӣ аст, ки реша дар сиёсатҳои Амрико алайҳи уммати исломӣ дорад».

73 киштӣ ва нови ҳомии Исроил, ҳадафи ҳамалоти Яман қарор гирифт

Вай зимни тарҳи ин пурсиш, ки агар мусулмонон барои ҳимоят аз Ғазза, парчами ҷиҳод ба даст нагиранд, чӣ касе ин корро бояд бикунад, хотир нишон кард: «Мусулмонон чӣ замоне иқдом хоҳанд кард? Вазъияти Ғазза бояд ба чӣ марҳалае бирасад, ки ин корро анҷом диҳанд? Оё бояд шоҳиди саҳнаҳои фоҷиабортаре бошем?».

Раҳбари Ансоруллоҳ, зимни ҳушдор ба кишварҳое, ки ба думболи мудоро бо Амрико ҳастанд, дар бораи иқдомоти ҳимояти Яман аз Ғазза низ гуфт: «Амалиётҳои мо идома дорад ва ба ҳамалоти худ идома медиҳем. Мо дар ин амалиётҳо, 34 шаҳид додаем».

Бадруддин Ал-Ҳавсӣ, ҳамчунин таъкид кард: «Дар ҳафтаи ҷорӣ, 12 амалиёт анҷом додем, ки дар ҷараёни он, киштиҳо ва новҳо бо 58 мушак дар дарёҳои Сурх ва Араб ҳадаф қарор гирифт. То кунун 73 киштӣ ва нов ҳадаф қарор гирифта шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад