Нигаронии ожонси ҳастаии Амрико аз нерӯи ҳастаии Чин ва Русия

Як мақоми амнияти ҳастаии Амрико дар вокуниш ба афзоиши сатҳи таҳдиди ҳастаии Чин ва Русия гуфт, дар сурати зарурат Вашингтон силоҳҳои ҳастаии бештар ва навтар тавлид хоҳад кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, як мақоми Созмони амнияти миллии ҳастаии Амрико гуфт, ин ниҳод таҳдиди ҳастаии Русия ва Чинро бо диққати бисёр зиёд таҳти назорат дорад то дар сурати ниёз, тағйироте дар зарродхонаҳои атомии Иёлоти Муттаҳида эҷод шавад.

Френк Роуз, муъовини мудири Созмони миллии амнияти ҳастаии Амрико бо такя ба гузориши кумисюни вазъияти стротежии Амрико дар робита ба эҳтимоли ниёзи ин кишвар ба силоҳҳои атомии бештар ва мухталиф гуфт: Давлат дар бораи ин ки оё мо ба (силоҳҳои ҳастаии) бештаре ниёз дорем ё не, тасмиме нагирифтааст; аммо мо ин амрро бисёр бисёр бо диққат дида истодаем.”

Хабаргузории “ТАСС” хабар дод, ки сухангӯи Кохи Сафед, Карин Жан-Пиер шаби гузашта дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки хадамоти кашфи ин кишвар натавонистанд далели қобили мулоҳизае барои таъйид кардани қасди Русия барои ҳамлаи эҳтимолии ҳастаӣ пайдо кунанд.

Амрико

Жан-Пиер таъкид кард: Мо ҳеҷ далели воқеӣ барои тағйири вазъияти омодагии неруҳои ҳастаии худ намебинем, ё ҳеҷ нишонае мабнӣ бар ин ки Русия дар ҳоли омода шудан барои истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар Украина аст, вуҷуд надорад.

Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, бинобар ин Иёлоти Муттаҳида барномае барои тағйири “як шаба”-и истротежии ҳастаии кишварро надорад.

Сухангӯи Кохи Сафед ҳамчунин гуфт, ки Ҷо Байден дар ҷараёни изҳороти рӯзи гузаштаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи масоили ҳастаӣ қарор гирифтааст. Хонуми Жан-Пиер дар посух ба суоле дар ин бора тавзеҳ дод: “Фақат метавонам инро бигӯям, ки раисҷумҳур қатъан [аз суханони Владимир Путин] огоҳ шудааст, ҳамон тавре, ки мо мутаваҷҷеҳ шудем, оқои Путин ахирани дубора дар мавриди докторини ҳастаии Русия суҳбат кардааст.”

Рӯзи сешанбе Владимир Путин дар мусоҳибаи телевизионӣ таъкид кард, ки Русия омодаи истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ мебошад, дар сурате, ки таҳдиде барои мавҷудияти ин кишвар вуҷуд дошта бошад ва ҳокимияту истиқлоли кишварро хатар таҳдид кунад.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Русия аз назари низомӣ- фаннӣ омодаи ҷанги ҳастаӣ мебошад. Раисҷумҳур ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар ҷараёни даргирии низомӣ дар Украина, ҳаргиз ниёзе ба истифода аз силоҳҳои ҳастаии тактикӣ дар Амалиёти вижа набудааст.

Пеш аз ин, дар авоили моҳи феврал низ раисҷумҳури Русия эълом кард, ки неруҳои ҳастаии ин кишвар 95 дарсад ба рӯзрасонӣ шудаанд ва ин вазъият барои бахши баҳрӣ тақрибан 100 дарсад аст. Вай таъкид кард, ки ин як “пуштвонаи бисёр хуб ва қобили эътимод” барои амнияти стротежики кишвар аст.

Дар июни соли 2023 Путин гуфта буд, ки Русия ниёзе ба истифода аз силоҳи ҳастаӣ надорад. Вай бо ишора ба ин воқеият, ки Русия бештар аз кишварҳои узви НАТО чунин таслеҳоте дар ихтиёр дорад, ёдовар шуда буд: Иёлоти Муттаҳида танҳо кишваре дар ҷаҳон аст, ки аз силоҳи ҳастаӣ алайҳи як кишвари ғайриҳастаӣ истифода карда ва аз ин лиҳоз як собиқа барои худ эҷод кардааст.

Амрико

 

Дар марти 2022 яке аз мақомоти аршади рус дар изҳороте гуфта буд, ки зарродхонаи ҳастаии Маскав шомили силоҳҳои ҳастаии тактикӣ ҳамроҳ бо мушакҳои болестики қорапаймо бояд ба Русия дар ҷилавгирӣ аз мудохилаи ғарб дар ҷанги Украина кумак кунад.

Раиси ширкати давлатии Роскосмоси Русия, Дмитрий Рогозин дар робита ба ҳушдори Путин ба соири кишварҳо дар бораи адами мудохила дар иқдоми Русия дар Украина гуфта буд: Русия қодир аст ҳар мутаҷовиз ё ҳар гуруҳи мутаҷовизро дар муддати чанд дақиқа аз ҳар фосилае ба сурати физикӣ нобуд кунад.

Коршиносони низомӣ қаблан ҳушдор додаанд тибқи доктринаи низомии Русия, Маскав мумкин аст дар сурате, ки дар мавзеи заъф ё шикаст қарор бигирад аз силоҳҳои ҳастаӣ дар майдони набард барои бодор кардани душман ба ақибнишинӣ истифода кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад