Оғози мавҷи истеъфои низомиёни саҳюнист аз артиш

 

Расонаҳои режими Исроил гузориш доданд, ки шуморе аз фармондеҳони артиши ин режим аз ҷумла сухангӯи артиш аз самти худ истеъфо додаанд.

Расонаҳо ва манобеи саҳюнистӣ аз оғози мавҷи густардаи истеъфо дар миёни фармондеҳон ва мақомоти аршади артиши режими саҳюнистӣ хабар медиҳанд.

Дар ҳамин росто бархе аз ин расонаҳо муддаӣ шуданд Даниел Ҳогорӣ, сухангӯи артиши Исроил низ аз самти худ истеъфо додааст. Аз сӯи дигар Вазорати ҷанги режими Исроил дирӯз дар бораи нотавонии артиш дар идомаи ҷанг ибрози нигаронӣ кард.

Исрори шахси Бинёмин Нетанёҳу, нахуствазири режими Исроил бар идомаи ҷанг ва ҳамлаи ба ҷануби Ғазза (Рафаҳ) дар миёнаи интиқодҳои физоянда аз ин режим ба далели кушторҳо беш аз 30 ҳазор нафар дар 150 рӯзи гузашта, сабаби эҷоди ихтилоф ва шикофи амиқ дар байни мақомоти режим ва фармондеҳон шудааст ва Бенӣ Гонетз, узви кобинаи ҷанги саҳюнистҳо ва мухолифи Нетанёҳу ҳамакунун дар Амрико ба сар мебарад, то бо амрикоиҳо дар бораи ояндаи ҷанг ворид музокира кунад.

Аз сӯи дигар, дирӯз Овигдур Либермен, вазири ҷанги пешини Исроил гуфт, ки кори Нетяняҳу тамом шудааст, вале Ӯ ҳозир ба пазириши шикасти худ нест ва заминҳои ишғолӣ бояд сареътар ба самти интихоботи зудҳангом биравад.

Ҳооретс, рӯзномаи чопи Фаластини ишғолӣ низ бомдоди рӯзи душанбе навишт, ки нахуствазири режими саҳюнистӣ бо вуҷуди онки дар муддати 150 рӯз аз шуруи ҷанги Ғазза мавриди ҳимояти раисҷумҳури Амрико қарор дошта, аммо дар воқеият бори гардани Вашингтон ва омили тазъифи ҷойгоҳи сиёсии Ҷо Байден шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад