Таъкиди Тоҷикистон ва Арабистон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ

Дар дидори раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе бар иродаи тарафайн ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид шуд.

Дар дидори раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе бар иродаи тарафайн ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид шуд.

Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо Валид ибни Абдурраҳмон Рашидон, сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе дидор кард ва дар мавриди заминаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ байни ду кишвар гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор зимни мурури вазъияти мавҷуди таомулоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар ҳавзаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин мавзуи таъмини молии нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ҳамлу нақл ва мубодилаи дуҷонибаи коло, фаъолияти ширкатҳои Арабистон дар Тоҷикистон ва эҷоди ширкатҳои ҷадид дар кишвар ва ҳамчунин муаррифии фурсатҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва сафири Арабистони Саудӣ баргузории нишасти ҷадиди Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фаннӣ ва ҳамчунин маҷмаъҳои сармоягузории ду кишварро муҳим арзёбӣ карданд.

Шоёни зикр аст, ки дар поёни моҳи декабри 2024 қарордоди эътои воми 100 миллион долларии Арабистони Саудӣ барои такмили проекти нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва афзоиши тавлиди энергетикаи таҷдидпазир дар Тоҷикистон аз сӯи «Файзуддин Қаҳҳорзода, вазири дороии ва Султон Абдурраҳмон, раиси Сандуқи тавсеаи Арабистони Саудӣ ба имзо расида буд. Сандуқи тавсеаи Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2002 оғоз карда ва ҳудуди 300 миллион доллар сармоягузорӣ анҷом додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад