Бозтоби интихоботи ҶИЭ дар расонаҳои ҷаҳон

Расонаҳои мухталифи хориҷӣ дар бахшҳои мухталифи хабарӣ ва веб-сайтҳои худ ба пӯшиши мустақими баргузории интихоботи парлумонӣ ва хубрагони раҳбарӣ дар ҶИЭ пардохтанд.

Расонаҳои мухталифи хориҷӣ дар бахшҳои мухталифи хабарӣ ва веб-сайтҳои худ ба пӯшиши мустақими баргузории интихоботи парлумонӣ ва хубрагони раҳбарӣ дар ҶИЭ пардохтанд.

Расонаҳои хориҷӣ ҳамзамон бо баргузории интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломии ҶИЭ ва шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ба пӯшиши хабарии мустақими ин рӯйдод дар шабакаҳои телевизионӣ ва веб-сайтҳои худ пардохтанд.

Шабакаи Алмаёдин бо пӯшиши мустақими ахбори интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, суханони раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ ҳангоми андохтани раъйи худ дар сандуқи интихоботро мунъакис кард.

بازتاب انتخابات مجلس شورای اسلامی ایران در رسانه‌های خارجی

Шабакаи Алманор низ зимни пӯшиши телевизионии ахбори баргузории интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар Эрон, тавзеҳҳоеро дар ин бора дар веб-сайт ва ҳамчунин сафҳаи корбарии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

بازتاب انتخابات مجلس شورای اسلامی ایران در رسانه‌های خارجی

Шабакаи Алҷазира низ ҳузури пуршӯри мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пойи сандуқҳои раъйро ба сурати мустақим пӯшиш дод ва ахбори баргузории интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар Эронро мухобира кард.

بازتاب انتخابات مجلس شورای اسلامی ایران در رسانه‌های خارجی

Шабакаи RT ҳам бо интишори ахбори баргузории интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар Эрон суханони раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ дар пойи сандуқи раъйро мунташир кард.

بازتاب انتخابات مجلس شورای اسلامی ایران در رسانه‌های خارجی

Расонаҳои англисизабон низ бештар бар ин мавзӯъ таъкид карданд, ки ин интихобот аввалин интихоботи саросарӣ дар Эрон пас аз эътирозҳои соли гузашта дар бархе шаҳрҳои Эрон аст.

Бахши англисии веб-сайти шабакаи Алҷазира низ дар гузоришҳои мухталиф ба сурат лаҳза ба лаҳза интихоботи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва хубрагони раҳбарии ҶИЭ-ро пӯшиш дод.

بازتاب انتخابات ایران در رسانه‌های خارجی+ عکس

Рӯзномаи Гордияни англисӣ бо ишора ба инки интихоботи саросарӣ дар Эрон аввалин интихобот пас аз эътирозоти тирамоҳи соли гузашта аст, муддаӣ шуд, ки эҳтимолан мушорикат дар ин интихобот наздик ба 38.5 дарсад аст.

بازتاب انتخابات ایران در رسانه‌های خارجی+ عکس

Хабаргузории Дуичҳулаи Олмон низ дар гузорише аз ҳамон лаҳзаҳои оғози бозгушоии шӯъбаҳои раъйдеҳӣ, интихоботи Ҷумҳурии Исломии Эронро пӯшиш дод.

بازتاب انتخابات ایران در رسانه‌های خارجی+ عکس

Хабаргузори Анатолии Туркия ҳам дар гузориши вижа интихоботи Маҷалиси шӯрои исломӣ ва хубрагони раҳбарӣ дар Эронро пӯшиш дод.

بازتاب انتخابات ایران در رسانه‌های خارجی+ عکس

Хабаргузори Шинҳуои давлати Чин низ дар гузориши муфассал зимни пӯшиши лаҳза ба лаҳзаи интихобот, раванд ва созукори интихоботи Эронро муфассал шарҳ дод.

بازتاب انتخابات ایران در رسانه‌های خارجی+ عکس

Веб-сайти саҳюнистии Таймз Исроил низ дар гузориши худ интихоботи Эронро пӯшиш дод, аммо бо ишора ба инки ин нахустин интихобот пас аз аъттрозҳои соли гузашта дар Эрон аст, муддаӣ шуд, ки эҳтимолан мушорикат дар ин интихобот камтар аз давраҳои гузашта бошад.

بازتاب انتخابات ایران در رسانه‌های خارجی+ عکس

Веб-сайти шабакаи ҷаҳонии BBC зимни пӯшиши интихоботи Эрон, ин мавзуъро сарлавҳаи гузориши худ қарор дод, ки ин нахустин интихоботи саросарӣ дар Эрон пас аз эътирозҳои тобистону тирамоҳ аст.

بازتاب انتخابات ایران در رسانه‌های خارجی+ عکس

Марудми ғайратмануд бошарафи кишвари дӯсту бародар ва ҳамфарҳангу ҳамзамбони мон тоҷикон, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуд беш аз 40 сол таҳримҳои золимона, ҳеҷгоҳ ба ормонҳои низому инқилоби исломӣ пушт накардаанд ва бори дигар дар ин маъракаи сиёсӣ муште бар даҳон, хоре ба чашмон ва тире ба пайкари фартути мустакбирону зургӯёни золими замон заданд ва ба ҷаҳониён маълум карданд, ки дар кишварашон саҳм доранд ва барои ояндаи худ тасмим мегиранд ва бо инчунин ҳаракатҳои худҷӯшу пурхурӯшашон нақшаҳои душманону бадхоҳонашонро бар бод медиҳанд. Дуруд ба тамоми мардону занони бошарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад