Даъвати Тоҷикистон аз ширкатҳои эронӣ барои сармоягузорӣ

Раиси кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон дар дидори сафири Эрон бо ишора ба фурсатҳои мавҷуд дар кишвар барои сармоягузорӣ, аз ширкатҳои эронӣ ҷиҳати фаъолият дар ин бахш даъват кард.

Раиси кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон дар дидори сафири Эрон бо ишора ба фурсатҳои мавҷуд дар кишвар барои сармоягузорӣ, аз ширкатҳои эронӣ ҷиҳати фаъолият дар ин бахш даъват кард.

Алирзо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон имрӯз чаҳоршанбе бо Султон Раҳимзодҳ, раиси ҷадиди кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Дар ин дидор ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва зарфиятҳои сармоягузории муштарак дар тарҳҳои бузург ва зерсохтӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.

Раиси кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон зимни ибрози ризоят аз раванди рӯ ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар, мушорикати муассири ширкатҳои эронӣ ва сармоягузорӣ дар проектҳои зербинои ин кишвар, аз ҷумла сохт сад ва нерӯгоҳи Сангтӯдаи 2, ҳафри тоннели истиқлол ва мушорикат дар эҳдоси нерӯгоҳи бузурги Роғунро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва бар лузуми афзоиши ин ҳамкориҳо байни ду кишвар таъкид кард.

Султон Раҳимзода бо ишора ба фурсатҳои мавҷуд дар кишвар барои сармоягузорӣ, аз ширкатҳои эронӣ ҷиҳати фаъолият дар ин бахш даъват намуд.

Ҳақиқиён афзоиши ҳамкорӣ байни ширкатҳои донишбунён, фановар ва судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ байни ду кишварро бисёр боаҳамият донист ва омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати тавсеаи беш аз пеши ин ҳамкориҳоро эълон кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад