Медведев: Маскав таҳримҳои ғарбро бепосух намегузорад

Муовини Шӯрои амнияти Русия эълон кард, ки Маскав дар баробари таҳримҳои ҷадиди ғарб, рӯйкарди талофиҷуёна дар пеш мегирад.

Муовини Шӯрои амнияти Русия эълон кард, ки Маскав дар баробари таҳримҳои ҷадиди ғарб, рӯйкарди талофиҷуёна дар пеш мегирад.

Ба нақл аз Рӯйтерз, муовини Шӯрои амнияти Русия ваъда дод, ки иқдоми ғарб барои таҳрими Маскав бепосух намемонад.

Димитрий Медведев, муовини Шӯрои амнияти Русия эълон кард, ки кишвараш интиқоми таҳримҳои ғарбро хоҳад гирифт.

Раисҷумҳури собиқи Русия дар вокуниш ба ин таҳримҳо дар паёме дар Телеграм навишт: иҷоза диҳед онҳо (ғарбиҳо) ҳама дар онҷо ранҷ баранд. Мо бояд инро ба хотир дошта бошем, мо бояд ҳар ҷо, ки мумкин аст аз онҳо интиқом бигирем. Онҳо душманони мо ҳастанд.

Арзула Фвандерлайн, раиси Комиссияи аврупоӣ, дар шабакаи иҷтимоии Х эълон кард, ки аъзои Иттиҳоди Аврупо барои эъмоли сездаҳумин бастаи таҳримӣ алайҳи Русия ба тавофуқ расидаанд.

Вай таъкид кард ин баста яке бузургтарин бастаҳои таҳрим аст, ки то кунун аз сӯи Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия эъмол шудааст.

Қарор шудааст бастаи таҳримии мазкур ба таври намодин дар 24-и феврал ҳамзамон бо дувумин солгарди оғози амалиёти низомии Русия алайҳи Украина ба тасвиб бирасад.

Брюссел аз замони оғози даргирии Русия бо Украина дар феврали соли 2022 токунун 12 бастаи таҳримӣ алайҳи Русия эъмол карда ва бастаи кунунӣ шомили таҳримҳои иқтисодӣ ва мамнуъияти сафар ба ҳамроҳи таҳрими бархе шахсиятҳои русӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад