Афзоиши 12 дарсадии ҳаҷми тавлидоти санъатӣ дар кишвар

Шералӣ Кабир, вазири санъат ва фановариҳои навини Тоҷикистон дар нишаст иматбуотии худ аз афзоиши тавлидоти санъатӣ хабар дод.

Вазири санъат ва фановариҳои навини Тоҷикистон гуфт: ҳаҷми тавлидоти санъатии кишвар дар соли 2023 дар муқоиса бо соли 2022 қариби 12 дарсад бештар шудааст.

Ба гуфтаи вай; ҳаҷми тавлидоти санъатӣ дар соли 2023 мелодӣ дар кишвар дар муқоиса бо як соли қабл 12 дарсад бештар будааст.

Вай афзуд: дар соли гузашта дар Тоҷикистон 729 корхонаи ҷадид роҳандозӣ шуд, ки корхонаи металлоргияи Зарафшон бо зарфияти 165 ҳазор тонна консонтраи мис ва тило яке аз бузургтарини онҳо аст.

Вазири санъат ва фановариҳои нав дар бахши дигаре гуфт, ки дар кишвар корхонаи тавлиди худравҳои барқӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Бинобар суханони вай, захоири исботшуда литиюми имкони тавсеаи ин санъатро дар Тоҷикистон фароҳам мекунад.

Вай дар идома илова кард: аввалин таҷриба дар тавлиди автобусҳои барқӣ нишон медиҳад, ки тавлиди худравҳои барқӣ дар ояндаи наздик имконпазир аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад