Ҳушдори дубораи Эрон ба Толибон дар мавриди ҳақоба

Дар идомаи коршикании Толибон дар мавриди ҳақобаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз рудхонаи "Ҳирманд" Алиакбари Меҳробиён-вазири неруи Эрон ҳушдор дод, агар Толибон ба таъаҳҳудоти худ дар бораи тахсиси ҳақобаи Эрон амал накунад, Теҳрон аз абзорҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ истифода хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай пайгирии ҳақобаи Эрон аз рудхонаи Ҳирманд ҳамчунон аз авлавиятҳои ин вазоратхона аст. Меҳробиён бо ишора ба ин ки умедвораст боришҳои ахир сабаби раҳосозии ҳақобаи Эрон шавад, таъкид кард агар чунин нашавад бар асоси қавонини байналмилалӣ пайгирӣ хоҳем кард. Бар асоси тавофуқномаи соли 1973 байни Эрон ва Афғонистон бахше аз оби рудхонаи Ҳирманд ба унвони ҳақобаи Эрон таъйин шудааст.

Агарчи дар беш аз ду соли ахир ки Толибон дубора дар Афғонистон ба қудрат бозгаштаанд пай дар пай мақомоти он аз додани ҳақобаи Эрон сухан гуфтаанд, аммо дар амал ҳеҷ иқдоме дар ин хусус сурат нагирифтааст. Баҳси хушксолӣ ки мақомоти Толибон аз он ба унвони омили надодани ҳақобаи Эрон ном мебаранд аз дидгоҳи коршиносон баҳонае беш нест, то аз иҷрои тавофуқномаи 1973 дурӣ ҷуянд .Ин дар ҳолеаст ки ин тавофуқнома паймони байналмилалӣ аст ва Толибон наметавонад ба таври салиқаӣ ва якҷониба бо он бархурд кунад . Аз ин рӯ Ҷумҳурии исломии Эрон ин ҳақро барои худ маҳфӯз медорад, ки дар сурати риоят накардани ҳақобаи худ аз сӯи Толибон,ба мароҷеъи ҳуқуқии байналмиллалӣ муроҷиаи кунад . Маҳлиқо Иқбол-коршиноси масойили Афғонистон дар ин бора мегуяд : “ Бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ рудхона ва обҳои марзӣ, ки аз як кишвар сарчашма мегирад ва воридм чанд кишварм дигар мешавад, дорои қавонини байналмилалӣ ҳастанд ва кишваре ки сарчашмаи об аз они он аст, бояд ҳуқуқ ва ҳақобаи кишварҳои поиндастиро риоят кунад .

Масъалаи ҳақобаи Эрон илова бар ҳимоят аз ҷониби қавонини байнамиллалии обҳои муштарак аз тавофуқномаи 1973 низ пуштибонӣ мешавад ва Толибон бояд ба он эҳтиром бигузорадю Бо тавваҷуҳ ба ин ки дар соли ҷорӣ борандагӣ дар Афғонистон хуб будааст ва ба назар намерасад баҳонае барои Толибон боқӣ монда бошад, ки аз иҷрои тавофуқномаи дуҷониба дар мавриди ҳақобаи Эрон худдорӣ кунад .

Воқеъият ин аст аз замоне ки Толибон дубора ба қудрат дар Афғонистон бозгаштааст , ҷанги обро бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла бо Покистон ва кишварҳои Осиёи марказӣ ба роҳ андохтааст . Толибон дар паи он аст бо эҷоди сад бар рӯй рӯдхонаҳоӣ ки оби онҳо ба кишварҳои ҳамсоя сарозер мешавад ё бо иҷро накардани тавофуқномаҳои дуҷониба , обро ба инҳисори худ дароварад .Ин дар ҳолест ки бурузи хушксолӣ дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистони муҷиби осори тахриби зистмуҳитӣ ва сарзаминӣ мешавад,ки паёмади он мутаваҷҷеҳи Афғонистон низ аст . Иловаи бар ин Толибон барои идомаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон наметавонад интизороти ононро барои ҳамзистии мусолиматомез нодида бигирад ва сирфан ва ба таври якҷонибаи интизори ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ дошта бошад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад