Таъкиди Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба мубориза бо терроризм

Додситонҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар дидори худ ба мубориза бо ифротгароӣ таъкид карданд.

Додситонҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар дидори худ ба мубориза бо ифротгароӣ таъкид карданд.

Мулоқоти прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб бо прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб масъалаҳои муқовимат ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷинояткории трансмиллӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷиноиро муҳокима карданд.

Ҳоло сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷид дар Тоҷикистон идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад