Саргардонии даҳҳо мошини борбарӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод – Ойбек” дар марзи Тоҷикистону Узбекистон

Даҳҳо мошини борбар дар гузаргоҳи “Фотеҳобод - Ойбек”, дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон, ҷамъ шудаанд.

Даҳҳо мошини борбар дар гузаргоҳи “Фотеҳобод – Ойбек”, дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон, ҷамъ шудаанд.

Сабаб рухсатнома ё иҷозаи гузаштан ба он сӯйи марз аст. Ронандагон мегӯянд, санадро Вазорати нақлиёт медиҳад, вале нархи онро якбора боло бурдааст. Шарҳи расмӣ дастрас нест.

Гузаргоҳи Фотеҳободи Тоҷикистон. Ҳарчанд роҳ ба Узбекистон боз аст, дарёфти рухсатнома аз тарафи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аксари ронандаҳоро аз идомаи сафар боздоштааст.

Ронандаҳои мошинҳои борбар мегӯянд, ҳар дафъа бо миёнравии ширкатҳо рухсатномаи якдафъинаи даромадан ба ҳудуди Узбекистонро мехариданд. Дар соли нав, ба гуфтаи онҳо, “рухсатнома камчин ва нархаш гарон шуд”.

Сафармуҳаммад Сафаров, ронандаи мошини боркаш гуфт:

“Умед доштем, ки сол нав мешаваду рухсатномаҳои арзон меояд. Баръакс, гарон шуд. Ҳар рӯз дар даруни мошин хобем. Дар хунукӣ азоб аст”.

Алиҷон Хидиров, ронандаи дигар, рӯзи 31-уми январ гуфт: “Пештар як рухсатномаро ба 60 доллар мегирифтем, ҳозир 120-130 доллар кардаанд. Намонядагони ширкат мегӯянд, ки хоҳӣ гир, нахоҳӣ не. Мо бор дорем, ночор бояд бигирем.”

Рӯзи 31-уми январ дар таваққуфгоҳ ва канори роҳи гузаргоҳи Фотеҳобод ҳадди ақал дусад мошини боркаш дида шуд. Ба гуфтаи ронандагон, аксари онҳо аз 3 то 14 рӯз боз дар инҷо истодаанд. Мегӯянд, муроҷиатҳояшон барои поин овардани нархи рухсатнома натиҷа надод.

Барои гирифтани шарҳи мақомот борҳо ба намояндагони Вазорати нақлиёт ва идораи давлатии назорату танзими бахши нақлиёт муроҷиат кардем. То замони нашри гузориш посухе нагирифтем. Намояндагии чанд ширкати ҳамлу нақл дар шаҳри Хуҷанд низ нахостанд дар ин бора маълумот диҳанд.

Ронандагон мегӯянд, бори аввал нест, ки нархи рухсатнома боло бурда мешавад. Ба қавли яке аз онҳо, Равшанҷон Раҳимзода, “мавсими пиёзбарӣ шавад, нарх боз боло меравад. Аз 300 то 700-800 доллар мешавад. Мо бо рақамҳои тоҷикӣ рақобат карда натавониста истодаем. Дар инҷо рақамҳои узбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, русу беларус ҳаст, бо онҳо рақобат карда наметавонем. Онҳо барои гузаштан ба Узбекистон ҳаққи рухсатномаи якдафинаро намедиҳанд.”

Сафармуҳаммад Сафаров гуфт:

“Агар илоҷаш ҳаст, ҳаминро аз байн баранд. Ҳар касе ба ҳудуди Узбекистон медарояд, бигзор пулашро ба бонки он кишвар супорида, баъд ба роҳаш равад”.

Дар Тоҷикистон тақрибан ба воситаи 13 гузаргоҳ ба Узбекистон гузаштан мумкин аст. Гузаргоҳҳои “Фотеҳобод – Ойбек” дар ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир буда, яке гузаргоҳҳои асосӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон ба шумор меравад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад