Амрико бояд ба хотири ҷиноятҳояш посухгӯ бошад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба раисҷумҳури Амрико гуфт, ки Вашингтон бояд ба ҷои таҳдид кардан, посухгӯи ҷиноятҳое, ки худаш муртакиб шуда, бошад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Мария Захарова”, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба таҳдидоти “Ҷо Байден”, раисҷумҳури Амрико дар вокуниш ба кушта шудани се сарбози амрикоӣ дар як ҳамлаи паҳподии ахир ба пойгоҳе дар марзи Сурия ва Урдун гуфт: «Вашингтон бояд посух диҳад, аммо сирфан ба мардум ва он ҳам аз бобати ҷиноятҳояш»

Ба навиштаи хабаргузории “Анатолия”, Мария Захарова дар конфронси матбуотӣ дар шаҳри Маскав гуфт: Ҷо Байден ин ҷумларо гуфт, ки Вашингтон посух хоҳад дод, аммо онро тамом накард. Посухи Вашингтон танҳо бояд ба мардум, он ҳам ба хотири ҷиноятҳои худаш бошад, аммо ба далоиле то кунун ба хотири иқдомоти ғайриқонунӣ, ваҳшатнок ва ҷинояткоронае, ки алайҳи бисёре аз кишварҳо ва мардумон муртакиб шуда масъул дониста нашудааст.»

Захарова тасреҳ кард: «замони он расида, ки Вашингтон ба хотири ҷиноятҳояш посухгӯ бошад. Онҳо танҳо аз зӯр истифода карда ва бо зӯри посух диҳанд ва ин натанҳо ҳеҷ вазъиятеро ҳал нахоҳад кард балки танҳо боиси бадтар шудани вазъият хоҳад шуд.»

Мақомҳои низомии Амрико якшанбе гуфтанд, ки се низомии ин кишвар дар ҳамлаи шабонаи паҳподӣ ба як пойгоҳи Амрико дар Урдун кушта ва теъдоде аз кормандони низомӣ низ захмӣ шуданд.

Фармондеҳи марказии Амрико, якшанбе дар баёнияе таъйид кард, ки дар ҳамлаи як паҳпод ба пойгоҳе дар шимоли шарқи Урдун, се низомӣ кушта ва 25 корманди ин кишвар захмӣ шуданд.

Дар пайи ин таҳаввул, Байден дар баёнияе эълом кард, ки ҳамаи афроди масъул [дар ин ҳодиса]-ро дар замон ва ба равише, ки худамон интихоб мекунем, мавриди бозхост қарор хоҳем дод.

Ӯ ҳамчунин пиромуни ҳамин масъала, рӯзи якшанбе дар рақобатҳои интихоботии Каролинаи Ҷанубӣ тайи суханоне таъкид кард: рӯзи сахте дар Ховари Миёна доштем ва ба он посух хоҳем дод.

Ллойд Остин, вазири дифои Амрико шомгоҳи якшанбе гуфт, ки дар замон ва макони муносиб ҳамла ба неруҳои амрикоӣ дар Урдунро посух хоҳем дод.

Вай дар идомаи суханонаш муддаӣ шуд: «гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки Эрон аз онҳо ҳимоят мекунад масъули ҳамалоти мудовим ба неруҳои амрикоӣ ҳастанд».

Мария Захарова ҳамчунин дар идомаи ин конфронси матбуотӣ дар посух ба саволе дар бораи ҷаласаи додрасии девони байналмилалии додгустарӣ барои расидагӣ ба парвандаи шикояти Украина аз Русия аз бобати «иттиҳоми наслкшӣ тибқи кунвонсиюни муҷозот ва пешгирӣ аз ҷинояти наслкшӣ» гуфт, ки тими Русия дар ин ҷаласа дар рӯзи ҷумъа дар Гаага ҳузур хоҳад дошт.

Ӯ таъкид кард: «Мо интизор дорем, ки ин девон ба унвони ниҳоди қазоӣ аслии Созмони Милал бетарафӣ ва истиқлоли худро нишон диҳад.»

Захарова ҳамчунин гуфт, ки Маскав баъд аз эъломи тасмими додгоҳ изҳороти меҳварии худро ироа хоҳад кард.

Вай афзуд: «Мо ҳамчунин ин ҳақиқатро барҷаста мекунем, ки ин тасмим муваққат буда ва танҳо марбут ба вуҷуд доштан ё надоштани ихтиёри додгоҳ барои дар назар гирифтани ин парванда хоҳад буд.»

Киев дар феврали 2022 дар пайи иҷрои амалиёти низомии вижаи артиши Русия дар Украина шикоятеро алайҳи Русия сабт кард.

Ин додгоҳ дар марти 2022 аз Федератсияи Русия хост то амалиёти низомии худ дар хоки Украинаро муаллақ карда ва ҳамчунин аз ду тараф хост аз даст задан ба ҳаргуна иқдоме, ки боиси таъхир дар муҳокима шавад бипарҳезанд.

Русия дар октябри 2023 ба ихтиёри додгоҳ ва қобили пазириш будан ин иддао эътирозоти аввалияи худро матраҳ кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад