Кушта ва захмӣ шудани 27 низомии Амрико дар Урдун

Шабакаи хабарии CNN ба нақл аз мақомоти Пентагон эълом кард: Дар ҳамла ба мавозеи неруҳои Амрико дар марзи Урдун ва Сурия се сарбози амрикоӣ кушта ва ҳудуди 24 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, шабакаи хабарии CNN ба нақл аз мақомоти Пентагон эълом кард: Дар ҳамла ба мавозеи неруҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар марзи Урдун ва Сурия се сарбози амрикоӣ кушта ва ҳудуд 24 нафар захмӣ шуданд.

CNN ба нақл аз мақомоти амрикоӣ афзуд, ин аввалин борест, ки сарбозони амрикоӣ аз замони оғози ҷанги Ғазза дар ҳамалот ба мавозеи Амрико кушта мешаванд.

Фармондеҳи марказии Амрико (Сентком) низ дар баёнияе эълом кард, дар ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳе дар шимоли шарқии Урдун, се сарбоз кушта ва 25 тани дигар захмӣ шуданд.

Байден ҳалокати низомиёни амрикоӣ дар Урдунро таъйид кард

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико низ хабари ҳалокати низомиёни кишвараш дар Урдунро таъйид карду гуфт: Дар ҳамлаи паҳподӣ ба неруҳои мо дар шимоли шарқии Урдун дар наздикии марзи Сурия , се сарбози амрикоӣ кушта ва теъдоди дигаре захмӣ шуданд.

Вай бо иттиҳомзанӣ ба Эрон муддаӣ шуд, ҳамлае ки сабаби кушта шудани се сарбози амрикоӣ шуд тавассути гуруҳҳои таҳти ҳимояти Эрон анҷом шудааст.

Пештар бархе коршиносон бешбинӣ карда буданд, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳукми додгоҳи байналмилалии Гаага, ки алайҳи ҷиноятҳои Исроил дар Ғазза буд, мумкин аст Амрико ва режими саҳюнистӣ даст ба таҳрики Эрон ва ҷабҳаҳои муқовимати исломӣ бизананд.

Ҳамла ба неруҳои амрикоӣ дар хоки Урдун анҷом нашудааст

Сухангӯи расмии давлати Урдун: Ҳамлае, ки неруҳои амрикоиро дар наздикии марзи Сурия ҳадаф қарор дод, дар дохили хоки Урдун рух надод ва пойгоҳи Аттанф дар Сурияро ҳадаф гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Wall Street Journal аз қавли як мақоми амрикоӣ навиштааст, ки ин ҳамлаи шабона як пойгоҳи хурд дар Урдун дар наздикии марзи Сурияро ҳадаф қарор додааст.

Мақоми яманӣ: Амрико бояд паёми ҳамла ба худро фаҳмад

Муҳаммадалӣ Алҳусӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман дар вокуниш ба куштаву захмӣ шудани низомиён ва неруҳои Амрико дар ҳамла ба пойгоҳи ин кишвар дар Урдун гуфт, ки Вашингтон бояд паёми ин ҳамларо фаҳмад ва дарк кунад.

Ин мақоми яманӣ, ки кишвараш тайи ҳафтаҳои ахир дар ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумияти сиёсати Амрико дар ҳимоят аз режими Исроил даст ба ҳамалоти талофиҷӯёна алайҳи Тел-Авив ва Вашингтон задааст, гуфт: Ҳамла ба пойгоҳи Амрико дар шимоли шарқи Урдун паёми ошкори хашму норизоятӣ аз сиёсатҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ мебошад.

ФаксНиюз: Ҳамла дар Урдун, хунинтарин ҳамла алайҳи Амрико будааст

Шабакаи ФаксНиюзи Амрико бо ишора ба кушта шудани се низомии Амрико дар марзи Урдун гузориш дод, ки ин ҳамла хунинтарин ҳамла алайҳи неруҳои ин кишвар тайи солҳои ахир аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад