Сабабҳои коҳиши тавлиди афюн дар Афғонистон/Нақшаи Толибон чист?

Гарчанде, ки давлати Толибон барои ба даст овардани машруъияти байналмилалӣ ниёз ба мубориза бо тиҷорати маводи мухаддир аз Афғонистон дорад, аммо бо тавваҷуҳ ба душвориҳои сиёсати мубориза бо кишти кӯкнор дар ин кишвар, эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки давлати Афғонистон натавонад ин сиёсатро идома диҳад ва ночор монанди гузашта маҷбур ба нодида гирифтани ин қонун шавад.

Таҳқиқоти ҷадиди Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки даромади кишоварзони Афғонистон аз маҳалли фурӯши афюн ба тоҷирону қочоқчиёни ин маҳсул дар соли 2023 беш аз 92 дарсад коҳиш ёфта ва аз як миллиарду 360 миллион доллар барои бардошти соли 2022 ба 110 миллион доллар дар соли 2023 расидааст.

Бар асоси ин баррасӣ, ки тавассути Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурми СММ (UNODC) сурат гирифтааст, аз замони эъломи манъи кишти кӯкнор дар Афғонистон, кишти ин гиёҳ ҳудуди 95 дарсад коҳиш ёфтааст ва аз 233 ҳазор ҳектор дар соли 2022 ба 10 ҳазору 800 ҳектор дар соли 2023 расидааст. Ин амр ба коҳиши 95 дарсадии арзаи афюн аз шаш ҳазору 200 тонна дар соли 2022 ба 333 тонна дар соли 2023 сабаб шудааст.

Афғонистон

Манъи кишти кӯкнор дар Афғонистон

Толибон дар апрели соли 2022 дастури манъи кишти кӯкнорро содир кард. Дар матни фармони Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари олии Толибони омада буд: “Ба тамоми ҳамватанон хабар дода мешавад, ки аз таърихи судури ин фармон кишти кӯкнор дар тамоми кишвар ба гӯнаи мутлақ манъ аст ва ҳеҷ касе пас аз ин наметавонад барои кишти ин бута талош кунад. Агар Худои нахоста касе тахаллуф кард, кишти ӯ аз байн бурда мешаваду бо вай аз рӯи шариъати исломӣ бархӯрд сурат мегирад. Ҳамчунон дар саросари кишвар истеъмолу интиқол, хариду фурӯш, тиҷорат, воридоту содирот ва корхонаҳои тавлиди ҳаргуна маводи нашъаовар ба гӯнаи ҷиддӣ манъ аст. Амал ба ин фармон лозим аст. Агар ҳар касе тахаллуф кунад аз сӯи идораҳои адлия ва додгоҳӣ таъқибу муҷозот мешавад.”

Муборизаи Толибон бо кишти кӯкнор масъалаи тозае нест. Толибон дар солҳои 1995-1994 кишти кӯкнорро дар иёлатҳои таҳти кантроли худ мамнуъ эълом кард. Албатта ин қонун бо ба қудрат расидани ин гуруҳ тағйир ёфту кишти кӯкнор озод, аммо шомили 10 дарсад закот шуд. Дар соли 1999 Толибон бори дигар кишти кӯкнорро манъ эълом кард, аммо ба далели фишоре, ки ин сиёсат бар кишоварзон меоварад дар соли 2001 ин манъ бори дигар лағв шуд.

Мушкилоти иҷрои сиёсати манъи кишти кӯкнор дар Афғонистон

Бар хилофи талоши давлати Толибон барои мубориза бо кишти кӯкнор ва тиҷорати афюн дар Афғонистон дар давраи ҳукумати пешин ва давлати феълӣ, иҷрои ин сиёсат амри бисёр сахтест. Яке аз муҳимтарин сабабҳое, ки монеи муваффақияти назарраси ин сиёсат мешавад ва иҷрои онро бо душворӣ рӯбарӯ мекунад фақри мардуми Афғонистон аст. Тибқи гузориши Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ 65 дарсади мардуми Афғонистон дар фақр зиндагӣ мекунанд. Ин мардуми фақири деҳанишин заминҳои худро ба сабаби суди кишти кӯкнор ба кишти ин гиёҳ ихтисос медиҳанд. Ҳар бор, ки Толибон кишти кӯкнорро дар кишвари Афғонистон манъ эълом кардааст кишоварзони фақир дучори буҳрони иқтисодӣ шуда ва ба ҳамин далел давлати Толибон дар бештари маворид маҷбур ба раҳо кардани ин сиёсат шуда ва ё ин сиёсат муваффақияти мавриди интизорро надоштааст. Албатта давлати Афғонистон саъй мекунад, ки дигар маводҳои кишоварзиро ҷойгузини кишти кӯкнор кунад, аммо мушкил он аст, ки кишти ҳеҷ маҳсуле ба андозаи кӯкнор зудбоздеҳ, арзон ва пурсуд нест.

Афғонистон

Мудури иҷроии Дафтари муқобила бо маводи мухаддири СММ дар ин бора мегӯяд: “Баъд аз иҷрои сиёсати манъи кишти кӯкнор дар апрели 2022 бисёре аз кишоварзон ба кишти гандум рӯй овараданд, ки натиҷаи он афзоиши 160 ҳазор ҳектории кишти ғаллот дар вилоятҳое ба монанди Қандаҳору Нангарҳор буд. Дар ҳоле, ки кишти гандум метавонад то ҳудуде ноамнии ғизоиро аз байн барад, ин маҳсул даромади бисёр камтаре нисбат ба афюн дорад. Кишоварзони чаҳор вилоят дар соли 2023 ҳудуди як миллиард доллар даромади эҳтимолии худро ба далели тағйири кишти кӯкнор ба гандум аз даст доданд.”

Манъи кишти кӯкнор дар Афғонистон эҷодгари мушкили бузурги дигаре ҳам дар ин кишвар аст. Кишоварзоне, ки дигар қодир ба кишти кӯкнор нестанд ва қудрати кишти соири маҳсулоти кишоварзиро ҳам надоранд ба неруҳои бекори ин кишвар изофа мешаванд ва ин масъала илова бар бадтар шудани буҳрони иқтисодӣ боиси бурузи буҳронҳои иҷтимоӣ низ мешавад зеро ин неруҳои бекор барои пайдо кардани фурсатҳои корӣ ба шаҳрҳо рафта ва боиси бурузи мушкилоти иҷтимоӣ дар шаҳрҳо мешаванд. Бинобар ин гарчанде, ки давлати Толибон барои ба даст овардани машруъияти байналмилалӣ ниёз ба мубориза бо тиҷорати афюн аз Афғонистон дорад, аммо бо тавваҷуҳ ба душвориҳои сиёсати мубориза бо кишти кӯкнор дар ин кишвар, эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки давлати Афғонистон натавонад ин сиёсатро идома диҳад ва ночор монанди гузашта маҷбур ба нодида гирифтани ин қонун шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад