Зарари зиёди муҳоҷирони тоҷик дар сӯхтори бозори Самараи Русия 

Дар сӯхтори бозори либосфурӯшии Кировои шаҳри Самараи Русия теъдоде аз тоҷирони тоҷик зарар дидаанд.

Дар сӯхтори бозори либосфурӯшии Кировои шаҳри Самараи Русия теъдоде аз тоҷирони тоҷик зарар дидаанд.

Субҳи рӯзи 22-юми январ қисмати либосфурушии бозори Самара оташ гирифт ва ба гуфтаи шоҳидон, панҷ соат оташро натавонистанд хомуш кунанд.

Дар ин бозори бузург садҳо шаҳрванди Тоҷикистон тиҷорат доранд. Шумораи дақиқи зарардидагон ҳанӯз ҳисоб нашудааст.

Як тоҷир дар ин бозор рӯзи 23-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шумораи тоҷирони тоҷикро “даҳҳо нафар” гуфт. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар Маҳфузулло Саидов, тоҷири тоҷик, дар ин сӯхтор дар ҳаҷми 3 миллион рубл молу маҳсулоташро аз даст додааст.

Фируз Исмоилов, як муҳоҷири дигари тоҷик аз Самара, ки шоҳиди ҳодиса будааст, гуфт, сӯхтор хеле зуд ба растаҳои либосфурӯшӣ печид ва хомуш кардани он ба осонӣ даст надод.

Хадамоти оташнишонии Самара низ гуфтааст, ки хомуш кардани оташ дар бозор осон набуд.

Дар хабарномаи Хадамоти отшанишонии Самара гуфта шудааст:

“Барои хомуш кардани сӯхтор 173 сӯхторхомушкун, 58 мошини махсус ва қаторае, ки 120 тона об дошт, ҷалб шуд”.

Додситонии вилояти Самара нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Мақомот гуфтаанд, сӯхтор аз истифодаи нодурустӣ васоили барқӣ рух додааст.

Ба касе дар ин сӯхтор зарари ҷисмонӣ нарасидааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки тоҷирон талош доранд, молҳои худро аз коми оташ берун кашанд.

Бозори Киров, яке аз калонтарин бозор дар вилояти Самара аст, ки дар он садҳо зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, кор мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад