Истиқболи расмии Эрдуғон аз Раисӣ

Раисҷумуҳри Эрон дар маҳалли кохи раёсатҷумҳурии Туркия “Ақсарой” расман аз суи ҳамтои туркияш мавриди истиқбол қарор гирифт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон зуҳри имрӯз чаҳоршанбе дар оғози сафари худ ба Туркия дар маҳалли кохи раёсатҷумҳурӣ “Ақсарой” аз сӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури ин кишвар мавриди истиқболи расмӣ қарор гирифт.

Дар маросими истиқболи расмӣ аз Раисӣ ибтидо суруди миллии ду кишвар навохта шуд.

Раисӣ ва Эрдуғон пас аз ин маросим аъзои ҳайатҳои олирутбаро ба якдигар муаррифӣ карданд.

Эрдуғон

Нишасти хабарии муштараки руасои ҷумҳури Эрону Туркия пас аз дидори Раисӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон баргузор шуд.

Раисҷумҳур Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо Эрдуғон гуфт: нисбат ба масоили иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар пайи бардоштан гомҳое ҷадид ва расондани сатҳи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ ба 30 миллиард доллар ҳастем.

Раисӣ тасреҳ кард: Эрону Туркия бар ҳимоят аз Фаластин, муқовимати исломӣ, таъмини ҳуқуқи миллати Фаластин, рафъи ишғоли 75 сола ва муохизаи ишғолгарон тавофуқ доранд ва муътақиданд истимрори ҷиноят на машруъият соз аст ва на моликият хоҳад овард.

Раисҷумуҳри Эрон Афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мубориза бо тероризм ҳеҷ гуна тардиде надорад.

Доктор Раисӣ дар идома иродаи ҷиддии кишварҳои минтақа дар заминаи мубориза бо тероризмро танҳо роҳи эҷоди суботу амният дар Ховари Миёна хонду афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон амнияти Туркия ва дигар кишварҳои минтақаро амнияти худ медонад, кучактарин ноамнӣ дар гӯшае аз минтақа бар суботу амнияти кулли минтақа асаргузор хоҳад буд аз ин рӯ ҳамкории кишварҳои минтақа дар ин замина ва дар ростои бекор кардани тавтеаҳои душманон барои ихтилофафканӣ миёни миллатҳои минтақа, таҷзияталабӣ ва эҷоди ноамнӣ бисёр муассир хоҳад буд.

Раисҷумҳури Эрон дар идома ба мавзӯи Фаластин ва зулму ҷиноёти режими ғосиби саҳюнистӣ дар Ғазза ба унвони яке аз муҳимтарин масоили мубтало ба ҷаҳони Ислом балки ҷаҳони башарият ишора карду гуфт: Имрӯз кадом виҷдони бедоре аз ин мизон зулму ҷиноят бар алайҳи занону кӯдакони мазлуми Ғазза мутаассир нест? Имрӯз Фаластин ба масаълаи аввали ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони башарияти табдил шуда ва ҳамаи миллатҳои озода таҳти таъсири мазлумияти мардуми Ғазза қарор гирифтаанд.

Доктор Раисӣ бо баёни инки ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ аз режими саҳюнистӣ дар иртикоби ҷиноят бар алайҳи мардуми Ғазза бар умқи ин фоҷиа афзуда ва дастони ба хунолудаи амрикоиҳо ба унвони омил ва роҳнамои аслии ин ҷиноят барои ҳамаи мардуми дунёи ошкор шудааст, афзуд: Таассуфбортар ин ки ҳамаи созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалие, ки вазифаи аслияшон ҳифозат аз ҳуқуқи башар ва амнияти ҷаҳонӣ аст дар ин ҷиноятҳо комилан коромадии худро аз даст дода ва ба ҳошия рафтаанд.

Раисҷумҳур Эрон дар идома тасреҳ кард: Қатъан ҳамкории Эрону Туркия бо дигар кишварҳои исломӣ ва миллатҳои озодаву дағдағаманд нисбат ба ҳуқуқи башар дар эҷоду ҷойгузинии назми навин ва одилонаи ҷаҳонӣ ё низоми ноодилонаи феълӣ бисёр муассир хоҳад буд.

Раисӣ ҳамчунин маҳдудсозии иртиботу қатъи шараёнҳои ҳаётии режими саҳюнистӣ аз сӯи кишварҳои муртабит бо ин режимро дар водорсохтани саҳюнистҳо ба таваққуфи ҷиноят алайҳи мардуми мазлуми Ғаззаро муассир ва қобили аҳамият донист.

Раисҷумҳури Эрон зимни таҷлил аз замоншиносии миллати Туркия дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва ибрози безориву нафрат аз таҷовузгарии саҳюнистҳо, афзуд: Имрӯз ва пас аз гузашти беш аз 100 рӯз аз ҷиноят алайҳи мардуми Ғазза, пирӯзи ин майдон мардуми мазлуму муқтадири ин минтақа ва шикастхӯрдаи ин майдон режими ғосиби саҳюнистист ва муътақидем пирӯзии ниҳоӣ низ аз они миллати Фаластин хоҳад буд.

Доктор Раисӣ дар поёни зимни ташаккур аз мизбонии давлати Туркия, иҷроӣ шудани тавофуқоти сурат гирифта дар Шӯрои олии ҳамкориҳои Эрону Туркияро таъминкунандаи манофеи ду кишвар ва ду миллат донисту изҳор дошт: Муътақидем ҳамкориҳои Эрону Туркия ба унвони ду кишвари бузург, бо аҳамияту асаргузор дар минтақа бартарафкунандаи бисёре аз масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ хоҳад буд.

Эрдуғон

Эрдуғон: Бар аҳамияти ҳамкории Эрон дар мубориза бо тероризми таъкид кардем/ Ҳамлаҳи террористии Кирмонро маҳкум мекунем

Раисҷумҳури Туркия дар бораи ин дидор таъкид кард: Бар аҳамияти ҳамкории Эрон дар мубориза бо тероризм таъкид кардем.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон идома дод: Ҳамлаи террористии манфури рӯзи сеюми январ дар Кирмонро маҳкум ва эълом мекунам, ки Туркия дар мубориза бо тероризм дар канори Эрон аст. Бо раисҷумҳури Эрон мавзуъҳои Фаластин, Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Қафқози Ҷанубиро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор додем.

Эрдуғон изофа кард: Барои иртиқои сатҳи муносиботи ду ҷониба бо Эрон талош хоҳем кард.

Вай илова кард: Бар аҳамияти тақвияти бештари ҳамкориҳои Анқара (бо Эрон) алайҳи П. К. К/п. И. Д/И. П, ки амнияти кишаврҳоямон ва минтақаро ҳадаф қарор медиҳанд, ишора кардем.

Эрдуғон перомуни ҳамалоти ишғолгарони Қудс ба Ғазза гуфт: Мо бар аҳамияти иҷтиноб аз иқдомоте, ки амнияту суботи минтақаамонро бештар таҳдид мекунад, тавофуқ кардем.

Раисҷумҳури Туркия хотирнишон кард: Мо (бо Раисӣ) дар мавриди лузуми поёндодан ба ҳамалоти ғайриинсонии Исроил алайҳи Ғазза ва бардоштани гомҳои фаврӣ дар ҷиҳати барқарории сулҳи одилонаву пойдор гуфтугӯ кардем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад