Нисфи мардум дар Ғазза аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд

Ҷанг дар Ғазза дар ҳоле вориди саду даҳумин рӯзи худ мешавад, ки шумори шуҳадои фаластинӣ аз рақами 25 ҳазор нафар убур кард; Зимн инки сояи гуруснагӣ ва қаҳтӣ сангинтар аз дигар рӯзҳо дар сармои замистон мардуми Ғаззаро таҳдид мекунад.

Режими ҷинояткори саҳюнистӣ бо нокомӣ дар кӯчи иҷбории фаластиниён ҳоло ба нақшаи нави худ дар гуруснагӣ додан ба мардуми мазлуми Фаластин мутавассил шудааст то бо ҷон додани онҳо аз гуруснагӣ  масъалаи фаластинро дар зери оворҳои Ғазза дафн кунад.

Оморҳо ва арқоми такондиҳандаи ин рӯзҳо ва ривоятҳои дилхарош аз вазъияти гуруснагии мардуми Ғазза дар расонаҳо ва хабаргузориҳо қалби ҳар инсонеро ба дард меоварад.

Барномаи ҷаҳонии ғизо таъкид кард, ки гуруснагӣ ба таври густурда дар саросари Навори Ғазза густариш ёфтааст. Мардум дар талош барои ёфтани ғизо барои серкардани хонаводаҳои худ ноумед шудаанд ва афзоиши мавориди хушксолӣ ва суъи тағзия ба суръат дар ҳоли густариш аст.

Бар асоси изҳорот ва шаҳодатҳои расмӣ ва шавоҳиди ҷамоваришуда дар Навори Ғазза, режими ҷинояткори саҳюнистӣ аз гуруснагӣ ба унвони як силоҳи фишори сиёсӣ ва силоҳе дар ҷанги худ алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ ва мардуми мазлум ва бедифоъ истифода мекунад.

Дар миёнаи ҳамалоти беамони саҳюнистҳои хуношом буҳрони қаҳти ва гуруснагӣ дар манотиқи шимолии Навори Ғазза бо таваҷҷуҳ ба камбуди ғизо ва маводди ғизоӣ ҳамчун орд ва… раванди хатарнокеро тай мекунад ва дар сармои зимистонӣ бо мушкилоти фаровоне рубару ҳастанд.

Рӯзноманигорон, дар миёни афроде, ки дар манотиқи мухталифи Ғазза боқӣ мондаанд, мегӯяанд, ки мардум барои таҳияи нон ба мушки бисёр ҷидди рубару ҳастанд ва бар асоси шаҳодатҳо аз ин манотиқ, ҳатто оби олудае, ки сокинон менӯшиданд низ тавассути режими саҳюнистӣ қатъ шудааст.

Буҳрони қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар шимоли Навори Ғазза, ки наздики 4 моҳ дар муҳосира буда ва дар мароҳили аввалияи бомбаборони ваҳшёна ва ҷанги нобудкунандаро мутаҳаммил шуда, бадтар мешавад.

Фъолон ва хабарнигорон мегӯянд, ки буҳрони гуруснагӣ бо таваҷҷуҳ ба камбуди маводди ғизоӣ ба вижа орд, ки шаҳрвандонро бар он дошта то барои таҳияи нон, зуррати ҳайвонотро осиёб кунанд, ташдид мешавад.

Шимоли Навори Ғазза аз оғози ҷанг таҳти муҳосира қарор гирифтааст ва ишғолгарон дар муддати кӯтоҳ ва танҳо оташбас дар авохири ноябри гузашта ба теъдоди бисёр маҳдуде аз мошинҳои кӯмак расон иҷозаи вуруд ба онҷоро доданд.

Осим Ан-Набия, яке аз аъзои кумитаи изтирории шаҳрдории Ғазза, дар миёни вазъияти густурдаи тахриби зерсохтҳои маданӣ, бемористонҳо, донишгоҳҳо ва масоҷид, гуфт, ки ишғолгарон амдан дарахтонро дар тӯли ҷанг аз байн мебаранд ва беш аз 50 ҳазор дарахт танҳо дар хиёбонҳои шаҳри Ғазза нобуд шудаанд.

Осим Ан-Набия, гуфт: дар ҷараёни гаште дар шаҳр мутаваҷҷеҳ шудам, ки ишғолгарон бештари дарахтони шаҳрро аз реша кандаанд ва ба ҳар минтақае, ки ҳамла мекунанд дарахтон онро ба шакли ғайриқобили тасаввур аз реша мекананд, гӯё мехоҳанд аз дарахт интиқом бигиранд. Аз мудири бахши поркҳои шаҳрдории Ғазза савол кардам ва ӯ ба ман гуфт, ки 70 дарсади дарахтони шаҳр аз байн рафтаанд. Аловабар ин, ҳазорон гегтар замини кишоварзӣ дар манотиқи шарқӣ ва шимолии Ғазза бо булдузер тахриб шудаанд.

Ин иқдоми режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ як ҷинояти наслкушӣ ва як ҷинояти бераҳмона аст ва ниҳодҳои имдодрасон ва ҳуқуқи башар хостори иқдоми фаврӣ барои итминон аз дастрасии бидуни монеи ғизои фаластиниён дар Навори Ғазза, ба ғизо, дору ва ниёзҳои аввалия шуданд.

Артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ натанҳо фаластиниёнро дар шимоли Навори Ғазза дар гуруснагӣ нигаҳмедорад, балки афродеро низ, ки саъй дар дарёфти кумакҳои ночизи ғизоӣ доранд, ҳадаф қарор медиҳад.

Гузориши ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ҳокӣ аз он аст, ки режими фошисти саҳюнистӣ дарёфткунандагони кӯмакҳои башардӯстонаро ҳадаф қарор медиҳад; Дар як маврид паҳподҳои режими саҳюнистӣ таҷаммӯъи сокинони Навори Ғаззаро, ки дар ҳоли дарёфти кӯмак будаанд ҳадаф қарор дода ва дар як лаҳза беш аз 50 нафарро ба шаҳодат расонда ва даҳҳо нафари дигарро маҷрӯҳ кардааст.

Шавоҳиди такондиҳандае аз куштор ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо фаластинӣ аз сӯи артиши режими хуношоми саҳюнистӣ дар ғарби шаҳри Ғазза, ки дар талош барои дарёфти кӯмакҳои башардӯстона буданд, мустанад шудааст.

Бар асоси шавоҳид, паҳподҳои режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба сӯи фаластиниҳое, ки барои дарёфти орд ворид шуда ба Ғазза аз сӯи мошинҳои Созмони Милал ҷамъшуда буданд, тирандозт карданд; Дар ҷараёни ин ҳамла 50 фаластинӣ шаҳид ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Шавоҳиди ҷамъоваришуда нишон медиҳад, ки даҳҳо тан аз сокинон дар хиёбони Аррашид, ки дар ҳафтаҳои ахир ба василаи булдузрҳои режими саҳюнистӣ вайрон шуда буд, дар интизори вуруди мошинҳои ҳомили орд таҷаммӯъ карданд ва паҳподҳо ногаҳон ворид шуданд ва шурӯъ ба тирандозӣ ба самти сокинон карданд.

Сокиноне, ки аз ин тирандозӣ ҷони солим ба дар бурданд, маҷрӯҳонро мунтақил карданд дар ҳоле, ки шуҳадо рӯи замин монда буданд.

Кӯдакони Навори Ғазза

Кӯдакони Навори Ғазза дар пайи ҷанги 2023 бештарин осебро дидаанд; Шумори болои шуҳадои кӯдак сабаб шуда то аз Навори Ғазза ба унвони гӯристони кӯдакон ёд шавад.

Буҳрони башардӯстона дар Навори Ғазза боис шуда то вазъияти кӯдакони ин минтақа буҳронӣ шавад; ҷинояти ҷангии режими кӯдаккуши саҳюнитӣ дар ҷанги 2023 мероси дардноке барои кӯдакон Навори Ғазза аст.

Дар айни ҳол, занон ва кӯдакони Навори Ғазза, акнун ба далели надоштани ғизои кофӣ ва либосҳои замистонӣ ва вазъияти беҳдоштӣ, хавфнок ва нигаронкунанда шуда ва ин кӯдакон дар маърази бемориҳои мухталифе қарор доранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад